Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мад, хизмат кард. Арғун вайро бидид, қиём кард ва ӯро дар канор гирифту бипурсид. Самак ӯро дуову сано гуфт.
Пас, гуфт:
— Эй ҷавонмарди гетиву эй сарафрози мардон, ба зинҳор пеши ту омадаам. Чӣ мегӯӣ ва чӣ мефармой. Қабул кунӣ, вагарна бозгардам.
Арғуни паҳлавон гуфт:
— Эй паҳлавон, ту маро мешиносӣ ва номи маро шунидаӣ, ки дар зинҳордорӣ чигунаам ва ҷаҳон барҳам занаму зинҳор аз даст надиҳам. Донам, ки бисёр шунифта бошӣ ва агар каси дигар гуфтӣ, ки маро нашинохтӣ, рост будӣ.
Самак бар вай офарини бисёр кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, танҳо нестам, ки Хуршедшоҳ аст — фарзанди Марзбоншоҳи подшоҳи шаҳри Ҳалабу Шому Шомот ва бародари вай Фаррухрӯзу устоди ман Шағоли Пилзӯр бо чаҳорсад марди айёрпеша ба зинҳори ту омадаем.
Арғун гуфт:
— Чӣ афтодааст, ки чандин ҷамоат ба зинҳор бояд омадан?
Самаки айёр забон баркушоду аз он чӣ аз аввали кор аз Хуршедшоҳ шунида буд ва он чӣ худ карда буд, то бад-он соат, ки пеши Арғун омада буд, ҳама шарҳ дод, чунон ки Арғуну ҷумлаи ҷамоати вай аҷаб бозмонданд.
Пас, гуфт:
— Эй паҳлавон Самак, агар ба ҷои чаҳорсад мард, чаҳор ҳазор будӣ, ҳама шогирдони ту, ҳама дуздон будандиву ҳар яке ҳазор хун карда буданд, ҳамаро чашми худ ҷой кардаме, хосса, подшоҳзодае чун Хуршедшоҳу ҷамоате ҳама дӯстон ва хосса ту, ки фарзандиву Шағоли Пилзӯр маро падар аст.
Эшон дар ин гуфтор буданд, ки он ҷамоат даррасиданд.
Арғун бархосту истиқбол кард. Пеш аз он, ки салом кунанд, гуфт:
— Эй озодмардон, ҳама ба худ қабул кардам ва ба ман меҳмонед. Он гоҳ салом карду шоҳзодаро дар канор гирифт ва Фаррухрӯзро бинавохту Шағоли Пилзӯрро бипурсид ва ҷумлаи ҷамоатро навозиш фармуд. Пас, он панҷоҳ харвор хазина бо духтар ба дара фиристоду ба ҷойгоҳе неку фуруд овард ва ҳам дар он ҷойгоҳ Хуршедшоҳ бо дига-

1 Яъне: аз ҷой хест.

пешина
аз 290
навбатӣ