Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шағоли Пилзӯр бар вай офарин кард. Гуфт:
— Эй шод бош, марди боакл, нек андеша кардаӣ. Маро худ ба ёд намеомад, ки бар ин наздикӣ чунин ҷойгоҳе нест. Моро ба он ҷо бояд рафтан, ки беҳтар аз ин ҷойгоҳе нест.

Самак пеш истоду мерафтанд, ки аз як тараф ногоҳ гард бархост. Хуршедшоҳ гуфт:
— Магар лашкар омаданд.
Самак гуфт ба лоло Солеҳ:
— Ин молу духтар дар пеш гиру бирав ба роҳи дара, то мо пеши лашкар бигирем.

Эшон дар гуфтор буданд, ки аз миёни гард ҷамоати айёрон берун омаданд. Самак эшонро бишнохт, гуфт:
— Эй шоҳзода, мардумони моанд.

Шоҳзода хуррам шуд, ки эшон буданд. Чун аз дур Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯру Самак ба духтару лоло Солеҳ ва хазина диданд, ҳамагон пиёда гаштанду хизмат карданд.

Самаки айёр гуфт:
— Эй паҳлавонон, ба чӣ бозмонда будед. Агар ба муаввали шумо кор кардаме, на духтар будиву на хазина. Кори мо зоеъ шудӣ. Эшон гуфтанд:
— Чун мо аз камингоҳ расидем, лашкар гузашта буданд ва мебудем, то лашкар бигузаштанд, пас, мо ба роҳ афтодем. Ба талаби шумо ба роҳи бероҳ омадем, то ба шумо расидем.

Самак гуфт:
— Эй озодмардон, магар ки маслиҳат чунин буд.
Ин бигуфтанду рӯй ба роҳ ниҳоданд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Моро кор яздон рост меоварад ва сабаб ин ҳалолзода бувад, яъне Самак, ки мардвор пой дуруст дар ин кор ниҳодааст.

Самаки айёр гуфт:
— Ман аз пеш мераваму шумо дунболаи ман меоед.
Самак дар пешбирафт ва эшон дар дунбола, то ба дараи Буғрой расиданд. Бар сари дара Арғуни сарҷӯпон нишаста буду хидматгорон аз чапу рост нишаста буданд ва баъзе истода.

Самаки айёр пеш рафту хидмат кард. Самак маъруф гашта буд аз баҳри он, ки мардон ба ҳар ҷой раванд, маъруф шаванд; хосса, ки Арғун Самакро дида буд ва шинохта, ки пайваста ба дараҷ вай бисёр шудӣ. Самак чун даро-

1 Му аввал — умед.

пешина
аз 290
навбатӣ