Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
музаффар бозгардад, духтар ба вай арзонӣ дорем, то туро ҳеҷ ранҷ набошад.
Фағфуршоҳ гуфт:
— Эй вазир, некӯ тартиб кардиву роӣ задӣ. Зуд нома навис.
Меҳрони вазир нома навишт, ҳама аҳволҳо бар шоҳ хонд. Шоҳ офарин кард. Пас, Меҳрон мӯҳри нома барниҳоду гуфт:
— Моро мӯътамаде бояд, ки биравад ва ин кор ба сар барад.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, ин кори ҳеҷ кас нест, ки биравад, ба ҷуз кори банда, биравад ва бигӯяд ва бишнавад ва он чи маслиҳати кор аст, ба ҷой оварад.
Шоҳ гуфт:
— Чунин бояд гуфтан.
Пас, бифармуд, то чанд тахт ҷомаву сад бадраи зар ва аз тароифҳо чанд ҳарвор ва ҳилъати Арғуну Хуршедшоҳ ҷумла рост кард. Меҳрони вазир бо сад савор рӯй ба роҳ ниҳод, то пеши дараи Буғрой расид, тахте дид афкандаву шоҳзода Хуршедшоҳ бар тахт нишаста ва Фаррухрӯз бар дасти росту Арғуни сарҷӯпон бар дасти чап. Ва Самак ба шуғле ба шаҳр рафта буд. Аммо Шағолу дигарон ҳар яке ба ҷои хеш нишаста.
Чун Арғун Меҳрони вазирро бидид, бишнохт, азбаски бадфеълу ҳаромзода буд. Арғун пазируфт ва ӯро дар канор гирифту аз шоҳи Чин хабар пурсид ва паҳлавононро бозпурсиду дасти ӯ бигирифту пеши Хуршедшоҳ овард.
Меҳрони вазир чун Хуршедшоҳро дид, хизмат карду заминро намоз бурд ва офарин кард. Шоҳзода ишорат карду ӯро биншонданд. Дарҳол бифармуд, то ҷулоб оварданду бозхӯрданд. Чун хон бинҳоданду таом бихӯрданд ва чун аз нон хӯрдан фориғ шуданд, Меҳрони вазир хизмат карду заминро намоз бурд ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳзода, пайғоме аз шоҳ Фағфур дорам. Дастурӣ бошад, ки бигзорам.
Шоҳзода гуфт:
— Бигӯй!
Меҳрони вазир гуфт:
— Шоҳ туро салом мерасонад ва мегӯяд, ки шоҳзода донад, ки ман духтар ба вай қавл кардам ва бар қавли хеш вафо кардаму ризо додам. Чун он ҳодисаи айёрон дарафтод, ӯро маҳбус кардам аз баҳри он, ки айёронро қаҳр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё