Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кунем, то ҷаҳон аз фитнаи эшон пок шавад, он гоҳ ақд бандем. Худ кор дигаргуна буд ва шоҳзода бад-эшон пайвасту дар он кӯчаи Сангин гирифтор шудан. Оташ барафрӯхтанд. Гумон бурданд, ки шоҳзода дар миёни оташ ҳалок шуд. Чун лашкари Мочин қасди ҳалоки мо карданд, нахостам, ки бо эшон пайкор кунам. Чора он дидам, ки духтар ба Қизилмалик фиристаму ин ҷанг дар боқӣ кунам, то халқе ҳалок нашаванд. Акнун чун ба саодат ранҷе ба ҷони шоҳзода нарасидааст, аҳволи ӯ шунидем ва садақа додем.

Бояд, ки шоҳзода бо Арғуни паҳлавон ёр шаванду ба мадади сипоҳ шаванд, ки дар баробари сипоҳи Мочинанд ва ҷавоби душман боздиҳанд. Акнун духтар ба мо фиристад, то мо ба тартиби духтар машғул шавем. Чун шоҳзода фориғ шавад, духтар бо вай вуслат созем.

Шоҳзода бо худ гуфт: «Фағфур маро дар ҳама боб озмуд ва дид. Акнун ба масофи душман хоҳад озмуд. Маро дар пои пил меандозад. Ва ин ҳама феъли ин ҳаромзода аст. Меҳрони шум, ки ин роҳ ниҳодаасту омадааст, ки духтар ба ҳилат бибарад». Ҳақтаоло тақдир кард ва дар он ҳол Самак дар лашкаргоҳ буд, то аҳвол боздонад ва эҳтиёти кор бикунад.

Чун Меҳрони ҳаромзода сухан тамоми бигуфт, Шағоли Пилзӯр бонг бар Меҳрон заду гуфт:

— Эй бадфеъли бадкирдор, ин ҳама фитна дар ҷаҳон афкандиву ошӯб ангехтӣ ва халқе аз ҷон баровардӣ, акнун омадӣ бо макру ҳилат, то моро ба дасти теғ боздиҳӣ ва духтар аз дасти мо берун оварӣ ва Қизилмалик фиристӣ. Мо духтар дорем ва ин ҷо мебошем; ҳар кӣ бо мо хусумат дорад, биёяд ва чунон ки мо бо захми шамшер биситадем, аз мо биситонад! Агар ҷавоб тавонем додан, бидиҳем, вагарна ки аз хасм оҷиз оем, эшон донанд; ҳар чӣ хоҳанд, бо мо бикунанд. Эй Меҳрон, ту пиндорӣ, ки ин сарои шоҳ аст, ки моро ба дасти теғ боздиҳӣ. Агар на он будӣ, ки ба расулӣ омадай ва дигар дар хидмати Арғуни паҳлавон нашояд кардан, бифармудаме, ки туро пора-пора кардандӣ, ту ҳаромзодаи саг!

Меҳрон чун сухани Шағол бишунид, дар кор фурӯ монд. Аммо худро ҳиҷил накард. Чунон гирифт, ки на бо вай мегӯяд. Рӯй ба Арғун карду гуфт:

— Эй паҳлавон, Шағол ба ҳар чӣ гӯяд, маъзур аст. Аз он, ки бирамҷидааст аз мо. Аммо аз шоҳ нома дорам, ҷавоб бинавис.

пешина
аз 290
навбатӣ