Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Нома бароварду пеши Арғун биниҳод, бо он молу хилъат ва он чӣ аз баҳри Арғун оварда буду он чӣ аз баҳри Хуршедшоҳ оварда буд, ҷумла пеши вай бинҳод.
Арғун дар мол нигоҳ кард ва нома бигирифту ба дасти дабир дод, то бархонду маънои нома маълум кард ва рӯй ба Меҳрони вазир карду гуфт:
— Фармонбардорам ва шоҳро бандааму хизматгорам. Аммо шоҳи ҷаҳон донад, ки ҳар кӣ ба зинҷори ман ояд, бо вай тавонам будан. Агар шоҳ Фағфур бар ин ҷойгоҳ ояд ва бо Хуршедшоҳ масоф кунад, ман бо Хуршедшоҳам.
Шағол гуфт:
— Эй паҳлавон, мо ба номаву сухани Меҳрон духтар аз даст нахоҳем додан ва духтар ин ҷойгоҳ дорему аз ҷанг наметарсем ва низ нахоҳем, ки ба чиз моро тақвият кунанд. Бо лашкари вай пайвандему ҷавоби душман боздиҳем, чунон ки писандида бошад. Эй паҳлавон Арғун, ин ҳаромзода бисёр моро саргардон кардааст, ва дар қавли эшон эътимод нест. Ҳарчанд, ки кунад, бояд, ки ба дурустӣ бошад, мо духтар аз даст нахоҳем дод.
Арғун гуфт:
— Эй паҳлавон Шағол, сухане бигӯям ва чунон бояд кардан, ҳам дили шумо хуш бошаду ҳам бо мо бошад: бидон, ки дар сари ин дара қалъае ҳаст ки онро қалъаи Шоҳақ хонанду кутволи қалъа Макӯқар аст ва марде бо амонат асту тоатдори бо ман аст ва калиди қалъа аз ман дорад. Духтари шоҳ аз миёна ба қалъа фиристем, то чун аз ҷанг фориғ шавем, онгоҳ тартиб месозем.
Аввал мӯътамаде бифиристем, то шоҳро савганд диҳад, ки аз шаҳр берун наёяд ва хиёнат наканаду нафармояд ва бадроҳӣ пеша нагирад ва ризо надиҳад.
Ҳамагон гуфтанд:
— Чунин бояд кардан.
Меҳрони вазир гуфт:
— Раво бошад.
Пас, Арғун аз мӯътамадони хеш яке ба роҳ кард, номи ӯ Қарн ва номзад кард, ки бо вазир биравад ва савганд ба Фағфуршоҳ диҳад.
Вазир бо Қарн рӯй ба роҳ ниҳоданд ва Меҳрон дар роҳ кас ба шоҳ фиристоду аҳвол маълуми шоҳ кард ва бо вай бигуфт. Пас, рӯй ба роҳ ниҳоданду ба вилояти Чин раси- данд. Ҳам аз роҳ Меҳрони вазир ба хизмати шоҳ омад ва Қарн бо вай буд. Хизмат карданду бинишастанд.
Меҳрон оғоз карду он чӣ миёни вай ва миёни шоҳзодаву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё