Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Ин бигуфту бархостанд ва якдигар дар канор гирифтанд ва бигиристанд.
ПАС, Хуршедшоҳ Маҳпариро видоъ кард ва бозгашт ва пеши Арғун омад ва гуфт:
— Моро мӯътамаде бояд, ки бо Маҳпарӣ ба қалъа равад.
Арғун гуфт:
— Қарн биравад.
Пас, тартиб доданд, духтар ба қалъа фиристоданд. Қарн ва духтар ва лоло рӯй ба қалъа ниҳоданд. Чун ба зери қалъа расиданд, дидбоне бидид, бо Макӯқар гуфт:
— Се савор ба қалъа омаданд.
Макӯқар ҳоҷибе фиристод, то бинигарад, ки кистанд. Ҳоҷиб аз қалъа ба зер омад, то пеши эшон расид. Чун Қарнро бидид, бишинохт, хизмат кард. Қарн гуфт:
— Кутволро бигӯй, ки «Қарн омадааст аз пеши Арғун ва амонат дорад, ранҷа шавӣ ва биёй. Ба зери қалъа ояд ва ин амонат қабул кунад.
Ҳоҷиб рӯй ба роҳ ниҳод, то пеши Макӯқар расид ва аҳвол бигуфт. Макӯқар пайғом бифиристод, ки: «Эй паҳлавон, ту донӣ, ки аз қалъа ба зер омадан шарт нест ва қалъадорро набояд ба зер омадан, магар ба хизмати шоҳ рафтан ё қалъа ба дигаре таслим кардан. Туро ба қалъа бояд омадан ва таслим кардани амонат».
Чун ҳоҷиб он пайғом биёвард, Қарн ба болои қалъа баромад пеши Макӯқар. Номаи Арғун пеши вай бинҳод. Макӯқар нома баргирифт ва мӯҳр бардошт ва ба дасти дабир дод, то бархонд ва маъонӣ маълум кард. Навишта буд, ки «Ин нома аз ман, ки Арғунам, ба наздики кутволи қалъаи Шоҳақ. Чун номаи ман ба ту расад ва маъонии нома маълум кунӣ, бидон, ки Хуршедшоҳ — писари Марзбоншоҳи подшоҳи Ҳалаб бо духтари шоҳ Фағфур ва қавме хизматгорон пеши ман омаданд. Магар эшонро бо Фағфур ҳодисае афтода буд, то бад-ин қарор афтод, ки Хуршедшоҳ биравад ва ҷавоби душман боздиҳад, духтар ба вай арзонӣ дорад. Акнун аз миёна духтар ба амонат пеши ту фиристодам, то вақт ояд, ба Хуршедшоҳ диҳем ё ба шоҳ расонем».
Чун Макӯқар ин аҳвол маълум кард, гуфт:
— Эй Қарн, амонат биспор ва бозгард.
Қарн Маҳпариро ва лоло Солеҳро бисипурд ва бозгашт ва пеши Арғун омад ва аҳвол бигуфт. Пас, Хуршедшоҳ бо Арғун гуфт:
1 Кутвол — ба маънии фармондеҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё