Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Моро бибояд рафтан.
Арғун бифармуд, то лашкар арз доданд 1 дувоздаҳ ҳазор марди ҷангӣ. Пас, Хуршедшоҳ ва Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯр ва он айёрон бо Соми паҳлавон рӯй ба роҳ ниҳоданд. Чун бирафтанд, Хуршедшоҳ гуфт:
— Моро касе бояд, ки хабар ба шоҳи Чин барад.
Арғун гуфт:
— Қарн биравад аз баҳри он, ки эътимод бар вай аст ва аз пеши Фағфур омадааст ва аҳвол дониста.
Пас, дарҳол Хуршедшоҳ нома навишт ва аҳволи хеш чунон, ки афтода буд, шарҳ дод ва бознамуд, ки ба фармон омадем, ки душман наздик аст, то бо эшон даровезем то шуморо маълум бошад. Бо маншуре 2, ки шоҳ Фағфур фиристода буд, ба дасти Қарн дод ва аз пеш бифиристод.
Қарн пеш мерафт ва Хуршедшоҳ бо сипоҳ ва дигарон аз қафои вай рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд.
Мо омадем ба ҳадиси Санҷар. Чунин гӯяд муаллифи ахбор ва ровии аҳвол, ки чун Санҷар бо чанд савор ба ҳазимат аз пеши Хуршедшоҳ бирафт ва рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд, то пеши паҳлавонони шоҳ расиданд. Чун ӯро бидиданд, гуфтанд:
— Эй паҳлавон, ин чӣ ҳолат аст? Духтари шоҳ куҷо бурдӣ ва сипоҳ куҷост ва молу хазина куҷост?
Санҷари паҳлавон гуфт:
— Хабар надоред, ки духтари шоҳ бо панҷоҳ хирвор хазина, ки меовардам, Хуршедшоҳ роҳ ба мо бигрифт ва духтар бо омол ва он чӣ бибурд ва халқе бисёр аз лашкари мо бикушт? Ман аз миёни ҷанг саворе бифиристодам ва шуморо огоҳ кардам. Шумо пайғом фиристодед, ки:
«Раҳо кун ва биё, ки мо наметавонем омадан. То вақт бошад, ӯро ба даст тавонем овардан». Ман мол ва духтар раҳо кардам, чун пайғом бишунидам, биёмадам, то чӣ фармоед. Акнун мепурсед, ки чӣ афтодааст? Магар мард наёмадааст ва ин дурӯғ андешидааст? Ва чун бо ман гуфт, ман худ дар шак афтодам, ки он мард сахт зуд бозомад.
Паҳлавонон гуфтанд:
— Эй Санҷар, Хуршедшоҳ бо чанд савор буд, ки чунин кор аз дасти вай баромад?
1 Арз додан — нишон додан, намоиш додан, саф кашидан 2 Маншур — фармони шоҳ, ки бештар мазмуни лутфу иноят дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё