Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
донад. Дирӯз Шаҳрони вазир гуфт, ки моро мард нест, ки биравад ва ҷавоби кори эшон боздиҳад. Банда нахост, ки он аҳвол касе донад. Омадам, то шоҳ маро дастурӣ диҳад, то ба иқболи шоҳ биравам ба сари Шағоли Пилзӯр ва Самак ва Хуршедшоҳ, ки подшоҳи эшон аст, биёварам, ки эшон дар ҷаҳон худ кӣ бошанд, ки бо ту панҷа афкананд.
Арманшоҳ гуфт:
— Эй Конун, агар ту ин кор бикунӣ, сари ту ба ҳашмат аз фалак бигузаронам ва дар ҳамаи вилоят фармони ту равона кунам ва туро ноиби худ гардонам.
Ин бигуфт ва ангуштарӣ ба вай дод ва гуфт:
— Эй Конун, ҷаҳд кун, ки Хуршедшоҳро зинда биёварӣ, ки подшоҳзода аст ва фарзанди подшоҳон раво набошад, ки бикушанд. Хосса касе, ки фарзанд дорад, қасди куштани фарзанди касон накунад. Ман медонам, ки бар дили падари вай чӣ мебошад, ки фарзанди ман се моҳ камобеш аст, ки рафтааст ва роҳ наздик аст ва медонам, ки куҷост ва хабар ҳар рӯз ба ман мерасад. Яздон донад, ки дар дили ман чӣ мебошад, хосса бар дили Марзбоншоҳ, ки роҳ дур аст ва мумкин бошад, ки ду-се сол аст, то аз пеши падар омадааст ва аҳволи вай намедонад, ки дар чӣ кор аст. Ва агар ӯро хабар бурда бошанд, ки дар банд аст, наъузанбиллоҳ, ки дар дили вай чӣ ранҷҳо бошад. Ман донам, ки дар дили Марзбоншоҳ аз фироқи фарзанд чист. Дарди дили падарон аз меҳри фарзандон ҳам падарон донанд.
Бар дард касе расад, ки дарде дорад.
Зинҳор ӯро маёзор ва зинда пеши ман овар.
Ин бигуфт ва Конун хидмат кард ва гуфт:
— Фармонбардорам.
Аз пеши Арманшоҳ берун омад ва ҳар ду бар паи лашкар мерафтанд. Аммо бо лашкар намеомехтанд, то кас аз аҳволи эшон огоҳ нашавад. Лашкари Мочин рӯй ба роҳ ниҳоданд ва Конуну Кофур бо эшон.
Боз омадем ба ҳадиси лашкаргоҳ ва чигунагии он. Чунин гӯяд муаллифи ахбор, ки аз он ҷониб чун Қизилмалик нома ба падар навишт ва дари ҷанг дарбаст, Хуршедшоҳ ҷанг мехост. Эшон дафъ мекарданд, то аз андозаи кор бигзашт. Хуршедшоҳ як рӯз ба ҷанг берун омад. Қизилмалик гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё