Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қонун гуфт:
— Чунин аст, ки ту мегӯй. Аммо кори мо ҷудост. Эшон номи ҷавонмардон бар худ ниҳодаанд ва дар сарои ҷавонмардон мебошанд ва ба шабравӣ ва айёрӣ маъруф гаштаанд, аз ин сабаб номи эшон дар ҷаҳон рафтааст. Мо дар коргузории шоҳ машғулем. Дар корҳо худро барнаӯварем, ночор касе моро надонад, агар ҳазор чанди эшон ҳунар ва мардӣ дорем.

— Бо ин ҳама акнун туро мебояд рафтан ва Шағолу Самакро даст баста овардан.

Кофур гуфт:
— Эй паҳлавон, ҳар чӣ Самак мекунад, ба далерии Шағол ва роҳ намудани ӯ мекунад. Агар исфаҳсолор ба ин банда биёяд, бибинад, ки сари эшон чӣ гуна биёварам.

Қонун гуфт:
— Хомӯш, то аз ин аҳвол касе огоҳ нашавад, то бигӯям ки чӣ мебояд кардан.

Ин бигуфтанд ва мебуданд, то лашкар берун рафт ва шоҳ ба шаҳр бозомад бо хосу ом, ки буданд.

Чун шаб даромад ва ҷаҳон торик шуд, Қонун бархост бо Кофур бар дари сарои шоҳ омаданд ва дар бизаданд.

Дарбон гуфт:
— Кист, ки дар ин ними шаб дари сарои шоҳ мезанад?

Қонун гуфт:
— Шоҳро хабар кунед, ки Қонун истодааст.

Дарбон бо пардадор бигуфт ва пардадорон бо ходимон бигуфтанд. Ходиме буд устоди сарои хос, номи ӯ Анбар. Ба ҳуҷраи шоҳ омад. Арманшоҳ ҳанӯз нишаста буд, ки ходим хизмат кард ва гуфт:

— Эй бузургворшоҳ, Қонуни исфаҳсолор бар дари сарой истодааст ва бор мехоҳад 1. Магар сухане дорад.

Шоҳ гуфт:
— Ӯро дароваред, ки дар ин ними шаб чӣ кор дорад?

Дари сарой бикшоданд ва Қонун дар ҳуҷра рафт ва пеши Арманшоҳ хизмат кард ва заминро намоз бурд ва гуфт:

— Эй бузургворшоҳ, донӣ, ки банда дар ин ними шаб ба чӣ кор омадаам? Аз баҳри он, ки мешунавам овозаи Шағоли Пилзӯр ва Самаки айёр, ки овозаи эшон дар ҷаҳон афтодааст. Аз баҳри он, ки магар ду-се кор кардаанд. Пиндаранд, ки дар ҷаҳон мард нест, ки кор беҳтар аз эшон

1 Бор хостан — иҷозат хостан.

пешина
аз 290
навбатӣ