Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
қалъаи Шоҳак бурданд, дар он соат Самак бо Хуршедшоҳ гуфт шароб маҳӯред, рӯй ба Арғун кард ва гуфт:
— Эй паҳлавон, ту дар ин кор эҳтиёте мекун ва ғофил мабош, ки эшон ҷавон ва корнодида. Набояд, ки душман макре кунад. Ва ангуштарии Арғун хост ва гуфт:
— Ангуштарӣ, ки мӯҳр ва нишони ту бар он аст, ба ман деҳ, ки коре дорам.
Арғун ангуштарии хеш ба Самак дод. Самак дасти Оташак гирифт ва аз боргоҳ берун омад. Гуфт:
— Эй Оташак, нахуст биравем ва кори Маҳпарӣ тамом кунем. Дил аз ӯ фориғ гардонем ва он гоҳ бо ту ба вилояти Мочин оем ва Дилоромро дар канори ту кунам.
Оташак хуррам шуд, гуфт:
— Раво бошад.
Ҳарду рӯй ба роҳ ниҳоданд, то ба дараи Буғрой расиданд, пеши муваккалони Қатрон. Гуфтанд:
— Арғун мефармояд, ки дар нигоҳ доштани Қатрон ғофил мабошед, набояд, ки аз банд биҷаҳад ва оре бошад.
Пас, он ҷой бигзоштанд, то ба зери қалъа расиданд. Шаб торик буд. Гуфт:
— Эй Оташак, моро мебояд будан, то рӯз равшан шавад, ки ба шаб бар болои қалъа нашрояд рафтан.
Мебуданд, то рӯз равшан шуд. Самак дар гирди қалъа баргашт, кӯҳе дид, ки худои азза ва ҷалл офарида буд, аз кӯҳҳо ҷудо афтода, бар мисоли хояи мурғ мудаввар, сар ба Айюқ баркашида ва як роҳи борик, чунон ки як савор беш бар он ҷо натавонистӣ гузаштан. Самак фурӯ монд. Гуфт:
— Агар лашкари олам ба зери ин қалъа оянд, ҳеҷ ба даст надоранд. Қалъае чунин дар ҷаҳон нест.
Самак истода ва дар он қалъа нигоҳ мекард. Ангушт дар даҳон бимонда буд. Қалъае медид, ки бо фалак роз мегуфт ва аз дур бо фалак мунозира мекард. Чунон ки дар сифати ӯ шоир ин байтҳо гӯяд:
Чӣ қалъае, ки чунон кас нагуфтааст хабар,
Чӣ борае, ки чунон кас надодааст нишон.
Ба зери сояи ӯ дар ҳамеша чархи фалак,
Ба зери пояи ӯ дар ҳамеша буми гарон.
Дар ӯ газанд наёрад фалак ба сад найранг,
Дар ӯ гузор наёбад басар ба сад дастон.
Ба бомаш андар бе чора нангарад гардун,
Ба зераш андар бе бора нагзарад шайтон.
1 Хоя — тухм.
2 Айюк — номи ситорае.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё