Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Миёни ӯ натавонад хазид дези пажант,
Фарози ӯ натавонад вазид боди хазон.
Ба маҳкамӣ чу кафи марди зуфти 1 бефарҳанг,
Ба тирагӣ чу дили марди умр (?) беимон.
Самаки айёр чун қалъа бидид, гуфт:
— Эй Оташак, магар сутуне аз осмон аст? Моро бар ин қалъа мебояд рафт?
ПАС, ҳар ду рӯй ба қалъа ниҳоданд, то пеши даргоҳ шуданд. Дидбон аз болои қалъа ду тан дид. Фарёд баровард ки:
— Кистед?
Самак овоз дод, ки:
— Ошност.
То бар дари қалъа расиданд. Самак нигоҳ кард, ҷуфте дари оҳанин дид, овехта ва даргоҳи қалъа ба оҳан ва қалъ 2 маҳкам карда. Агар устодони оҳангар хостандӣ, ки ба даҳ рӯз он даргоҳ бикананд, натавонистандӣ кандан.
Самак аҷаб дошт. Овоз бардод, ки паҳлавони қалъа Макӯқарро бигӯед, ки аз пеши Арғуни сарҷӯпон ду қосид омаданд ва аҳволе доранд, ки ба кутвол бигӯянд. Дарбони қалъа ба сарҳангон бигуфт, то ба Макӯқар бозгуфтанд, ки ду мард истодаанд ва мегӯянд, ки аз пеши Арғун омадем ва аҳвол дорем.
Макӯқар гуфт:
— Бингаред, то кистанд ва ба чӣ кор омадаанд ва чӣ нишон доранд.
Ҳоҷибе омад аз болои қалъа, гуфт:
— Кутвол Макӯқар мефармояд, ки ба чӣ кор омадаед ва чӣ нишон доред?
Самак гуфт:
— Ангуштарии Арғун дорем ва ба муҳиме омадаем.
Бигӯй, ки Самак ва Оташаканд.
Мард бозгашт ва аҳвол ба Макӯқар бигуфт. Макӯқар чун номи Самак ва Оташак шунид, фурӯ монд. Сар дар пеш афканд ва дилтанг шуд ва дилтангӣ муқаррар аз он буд, ки Маҳпарӣ бар болои қалъа буд.
Чунон ки пеш аз ин гуфтам, ки писари дояи Маҳпарӣ буд Шервона ва дар кӯдакӣ Маҳпариро дида буд ва ошиқ гашта буд ва ба Шервона — модар гуфта буд. Модараш
1 Зуфт — бахил.
2 Қалъ — номи маъдане.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё