Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
гуфт, ки: «Ин чӣ шояд будан, ки моро расул ва пайғом ҳаргиз набуда, надонам омадани расулро сабаб чист?».
Дар ин андеша буд, то лашкар истиқбол карданд ва ба тартибе некӯ Ҷумҳурро ба шаҳр дароварданд. Дарҳол улуфа 1 ва хироҷ оварданд. Ҷумҳур аз ранҷи роҳ баросуд.
Пас, шоҳ Самориқ боргоҳ сохт ва кас фиристод ва Ҷумҳурро ба боргоҳ хонд.
Чун Ҷумҳур пеши тахти Самориқ расид, хизмат кард ва заминро намоз бурд ва офарин кард. Шоҳ ишорат кард, то ӯро ба курсии заррин нишонданд. Дарҳол шаробдор даромад ва табақҳои заррину симин овард, ҳама сарпӯшҳои атлас дарафканда. Ва қадаҳи ҷулоб 2 рост кард ва чошнӣ 3 гирифт ва қадаҳ ба дасти шоҳ дод. Пас, ҳамагон бозхӯрданд. Пас хонсорон биёмаданд ва хон биниҳоданд ва нон бихӯрданд.
Пас, Ҷумҳур ба пой даромад ва хизмат кард ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, пеш аз он, ки сари мо аз шароб гарон шавад, фиристодаи Марзбоншоҳ арза кунам ба шумо.
Самориқ гуфт:
— Маслиҳат аст.— Ва ҳанӯз намедонист, ки расул ба чӣ кор омадааст. Пас, Ҷумҳур он мол ба боргоҳ хост ва нома берун кард ва бӯса дод ва бар канори тахт ниҳод.
Чун шоҳ Самориқ он моли фаровон дид, хуррам шуд ва беғам. Дӯнист, ки салоҳ аст. Самориқро вазире буд, номи вай Шервон. Нома баргирифт ва мӯҳри номаро бардошт ва бихонд ва маълуми шоҳ кард. Самориқ чун аҳвол бидонист, хуррам шуд ба домодии Марзбоншоҳи фаррух.
Дарҳол бифармуд, то бузургон ва қозиён ва аҳли илм ҳозир омаданд ва духтари хеш бад-он оин ба Марзбоншоҳ дод. Ва ба Ҷумҳур, ки вакили ӯ буд, дод ва гуфт:
— Касе бошад, ки чун Марзбоншоҳ ба домодӣ писанда накунад? Ва аз баҳри он ба зудӣ кардам, то Марзбоншоҳ нагӯяд, ки дар он андеша накунад.
Пас, барои хуррамии он рӯз шароб хӯрданд ва хосу ом нисор карданд, то он шаб бигзашт.
Рӯзи дигар шоҳ Самориқ тартиби Ҷумҳур кард ва чандон мол ҷамъ кард, ки дар ваҳми ҳеҷ оқил наёмади ва хилъате хуб фармуд Ҷумҳурро ва ҳар кӣ бо вай буд. Ва
1 Улуфа — хӯрданӣ, хӯрок.
2 Ҷулоба — шарбате, ки аз қанду гулоб ҳозир мекунанд.
3 Чошнӣ — андак чизе аз шароб ва таом, чашиданӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё