Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
чӣ гӯям, ки чӣ фиристод баҳри домод: тоҷи гавҳарнигору ангуштарӣ ва сад ғуломи моҳрӯйю сад канизак ва сад ходими асфеду 1 сад асб.
Ба Шервони вазир гуфт:
— Туро мебояд рафтан. Ба ниёбати 2 ман биравӣ ва узр бихоҳӣ. Духтар ба ту супурдам ва ту ба вай сипорӣ ва зуд бояд рафт. Бояд ки зуд бозой.
Шервони вазир гуфт:
— Фармонбардорам.— Тартиб доданд ва баъд аз се рӯз рӯй ба роҳ ниҳоданд. Чун хабар ба Марзбоншоҳ омад, ки шоҳ Самориқ вазир бо духтар фиристод ва зуд хоҳад расид, ки Ҷумҳур мард аз пеш фиристода буд, Марзбоншоҳ бифармуд, то вазири вай Ҳомон ва ҷумлаи сипоҳи хосу ом истиқбол кунанд ва мунодӣ фармуд, то саросари шаҳр оин бастанд ва бар ҳар ҷой муғанниён 3 овози симоъ 4 бароварданд ва шаҳр аз хушӣ чун биҳишт буд.
Чун Ҳомони вазир бо сипоҳ бирафтанд, аз паси Ҳомони вазир чиҳил маҳди 5 гавҳарнигор бо дувист ходими асфедпӯсту сад канизак равона шуданд, то ба Гулнор расиданд ва ӯро ба маҳд нишонданд, бо созе некӯ ба шаҳр дароварданд. Чандон нисор карданд, ки васф натавон кард, то духтар ба сарои хос фуруд оварданд. Шервон аз роҳ бо Ҳомони вазир ба боргоҳ омаданд ба хидмати шоҳ.
Чун шоҳро бидид, замин бибӯсид ва саломи шоҳ Самориқ бирасонид ва узрҳо хост. Марзбоншоҳ офарин кард ва ӯро бинавохт. Бар ҷойгоҳ бинишонд ва аз ҳар сухане мегуфт бо Шервон. Шервон ишорат кард ва он мол ба боргоҳ оварданд ва арз дод. Пас гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, моибам аз шоҳ Самориқ, ки духтар ба ту супорам. Агарчи ӯро бо шоҳ ақд бастем, дар ҳузури якдигар боз ақд тоза кунем, ки мани бандаро дар ин кор фиристодааст.
Марзбоншоҳ гуфт:
— Маслиҳат аст, ки фардо ин кор бисозем, ки имрӯз дергоҳ аст ва ту аз роҳ расидаӣ ва осоише кунӣ. Шервон хидмат кард ва ҷои ором гирифт, то Ҳомони вазир касе фиристод ва кӯзиёну фозилонро бихонд. Ва Шервони вазир талаб кард ва дигар ақд бастанд. Гулнор ба Марзбоншоҳ доданд. Ҷумлаи паҳлавонони хосу ом нисор кар-,
1 Асфед — сафед.
2 Ниёбат — ноибӣ, яъне ба ҷои ман.
3 Муғаннӣ — мутриб, сурудхон, ҳофиз.
4 Симоъ — суруд, нағма.
5 Маҳд — тахти равон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё