Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

данд ва як ҳафта дар шодӣ ва хуррамӣ ба сар бурданд, то Гулнор аз ранҷи роҳ баросуд.

Пас, мамшотагон дасти санъатгарӣ баркушоданд ва ҷамоли Гулнор меоростанд, то навбати шаби арӯсӣ омад. Марзбоншоҳ бо Ҳомони вазир ва Шервони вазир ба ҳаҷла омаданд ва Гулнор даст ба рухсор гирифт. Мамшотагон даст аз рухсори ӯ бозгирифтанд. Дидор ба шоҳ намуданд. Бар чашми шоҳ зебову писандида омад. Пас, Шервони вазир ба ҳукми адаб биёмад ва дасти Гулнор бигирифт ва дар дасти шоҳ ниҳод. Ҳар дуро ба ҳам сипурд. Шервон ва Ҳомон бадар омаданд.

Марзбоншоҳ ба соати муборак ба вай пайваст. Ҳақтаоло тақдир кард, ки ҳам дар он шаб бор гирифт ва ҳар ду аз он бехабар.

Марзбоншоҳ рӯзи дигар ба тахт баромад. Паҳлавонони лашкар ба хизмат омаданд. Шоҳ ҷумларо хилъат дод ва Шервони вазирро хилъати некӯ дод. Чун Шервон хилъат пӯшид, гуфт:

— Эй бузургвор шоҳ, дастурӣ фармой, то банда бозгардад, ки шоҳ Самориқ беш аз ин нафармудааст. Агарчи хона якест ва моро дар хизмати шоҳ хуш аст, аммо воҷиби рафтан аст, ки банда дар хизмати шоҳ Самориқ тартиб кунам.

Пас, Марзбоншоҳ бифармуд, то хилъате некӯ аз баҳри шоҳ Самориқ соз диҳанд ва моле беандоза, ҳама ба Шервон супурданд ва ӯро гусел карданд. Ва миқдори як фарсанг ба видоъ бо вай биёмад. Шервон биистод, гуфт:

— Шоҳи бузургвор бозгардад.

Марзбоншоҳ бозгардид ва гуфт:

— Падари маро салом бирасон ва бифармояд, то фарзанд Фаррухрӯз бифиристад.

Шервон бирафт ва Марзбоншоҳ ба шаҳр омад ва шабу рӯз ба доду адл машғул шуд. Дар ҳафта ду навбат боргоҳ сохтӣ ва умарои давлат ҳозир кардӣ, ба тартиби мулк будӣ, то ду моҳ бар ин кор баромад. Нишони фарзанд ба Гулнор падид омад, ки ӯро узри занон баста шуд. Мӯътамадони 2 сарои хос хабар ба шоҳ бурданд, ки нишони фарзанд ба Гулнор падид омад. Шоҳ аз он хуррамӣ дари ганҷ бикушод ва мол ба дарвешон дод. То бад-ин кор нӯҳ моҳ баромад. Ногоҳ вақте аз авқот, ки офтоб баромад, асари зодан ба Гулнор падид омад. Ин хабар ба Марзбон-

1 Ҳаҷла — хобгоҳи арӯсу домод.
2 Мӯътамад — эътимоднок.

пешина
аз 290
навбатӣ