Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
дар омад ва шарт ба ҷой овард ва дар вақти бозгаштан заминро намоз бурд, гуфт:
— Падари бузургвор, бандаро шикор дастурӣ бошад, то як ҳафта дар кӯҳу марғзор тамошо кунам?
Падар ӯро дар канор гирифт ва бар вай номи яздон бихонд, гуфт:
— Ҷони падар, ту донӣ.
Чун падар ӯро дастурӣ дод, Хуршедшоҳ ба сарой омад пеши модару хоҳар, тартиби шикор месохт. Марзбоншоҳ ду паҳлавон фиристод, то дар хизмати фарзанди вай бошанд. Якеро ном Алён ва дигаре Альёр. Бо панҷ ҳазор савор хайма бадар заданд.
Хуршедшоҳ дар ин ҳол ҳафдаҳсола буд. Аз баҳри шикор бозоҳу шоҳин ва чарҳу юзу саг ва он чи бад-ин монанд, бисёр доштӣ. Бифармуд, то ҳама берун бурданд ва шоҳзода аз бозхона ангуштбонаву дастбона хост ва бозе, ки шоҳзода мехост, бозе ҳамчун кофур буд, ки дар қарне бозе ҳамчунон набуд. Ва он пайваста бар дасти худ бардоштӣ ва ба шикор рафтӣ. Шоҳзода боз бар даст нишонд ва Фаррухрӯз — бародараш бо вай ҳамроҳ. Рӯй ба шикор ниҳоданд ва ғуломону лашкар бо вай. Ва ба шикоргоҳе расиданд. Он рӯз он чи ёфтанд, бияфканданд. Чун шаб даромад, ҳар чӣ буд, ба шаҳр фиристоданд.
Он шаб бо хосагиён шароб хӯрд, то он соат, ки офтоб баромад. Шоҳзода аз боздор боз хост. Бо бародар Фаррухрӯз, сипоҳ рӯй ба кӯҳ ниҳоданд, то шикор рӯй ба марғзор ниҳанд ва саворон ба роҳҳо заданд. Хуршедшоҳ бифармуд, то юзон ва сагон бароголиданд ва саворон ба тири бисёр бияфканданд. Хуршедшоҳ бифармуд, то ҷумла ба боргоҳи Марзбоншоҳ бурданд ва он шаб низ ҳам шароб хӯрданд, то рӯз равшан шуд. Дигарбора ба шикор машғул шуданд. Ҳарчи мегирифтанд ва меафканданд, ба шаҳр мефиристоданд, то муддати як ҳафта баромад.
Як рӯз бомдод шоҳзода бо посбон қасди тамошо кард, ки марғзоре хушу хуррам пеш омад. Шоҳзода гуфт:
— Имрӯз шикор накунем. Ин ҷойгаҳ фуруд оем ва шароб хӯрем, ки ҷойгоҳе хуш аст. Лашкар фуруд меомаданд ва хаймаву хиргоҳ мезаданд ва чортоқ аз барои шоҳзода барпой мекарданд.
Шоҳзода гуфт:
— То шумо фуруд оед, ман соате беғалаба дар ин саҳро тамошо кунам. Агар шикоре бошад, бияфканам.
Паҳлавонон гуфтанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё