Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Он чи шоҳзода рои бинад, он кунад.
Хуршедшоҳу Фаррухрӯз аз боздор боз хостанд ва бар даст нишонданд.

Пас, бифармуд, то ҷумла такйи ихтиёр карданд ва рӯй ба саҳро ниҳоданд. Шоҳзода замоне тамошо мекард ва нишоту шодӣ мекард ва он чи ёфт аз шикори юз ва боз, бигирифт ва бисёр ба тир бияфканд. Чун замоне буд, рӯй ба лашкар ниҳод, чун фуруд омад, бифармуд, то хонсолорон хон ниҳоданд. Нон бихӯрданд. Ва чун аз нон хӯрдан фориғ шуданд, даст ба шароб бурданд. Шоҳзода дар саҳро менигарид, ки аз баробари эшон гарде бархост ва аз миёни гард харгӯре берун омад. Хуршедшоҳ чун харгӯр дид ва рӯй ба Фаррухрӯз кард ва гуфт:

— Ту ҷойгоҳ нигоҳ дор, ки ман ҷаҳд кунам, ин харгӯр сайд кунам.

Ин гуфт ва ба пой баромад. Бӯре 2 бар дари хайма ис-тода буд. Пеши бӯр омад ва зертангу заБартанг баркашид ва пой ба асп даровард ва рӯй ба харгӯр ниҳод. Чун наз-Дики гӯрхар омад харгӯре дид сапед бар мисоли нуқра, ха-те сиёҳ аз миёни гӯш то сару дунбол омада ва хати дигар аз буни гӯш то ба дӯш. Пиндошт, ки наққошони олам ҷамъ омадаанду ин сохтаанд. Шоҳзода дар вай бозмонда буд ва ба дидори ӯ хуш омада. Хост, то пеш равад ва ӯро ба каманд бигирад, ки гӯрхар овоз аз тарафи лигоми шоҳ-зода бишунид, сар баровард ва биҳаросиду рӯй бозпас ни-ҳод. Шоҳзода чун дид, ки гӯрхар рӯй бозпас ниҳод ва боз-гардид, тозона 3 бар асб молид ва каманд аз фитрок 4 бикушоду ҳалқа кард, бияндохт, ки харгӯр ҳар чаҳор дасту пой бозкашид. Пиндоштӣ, ки омӯхта буд ва аз ҳал-қаи каманд берун ҷаст. Шоҳзода аҷаб дошт, даст ба ка-мон бурд ва чӯбай тир дар камон ниҳод ва бияндохт ва харгӯр чап заду тир хато шуд ва асб медавониду тир ме-андохт ва на асб мерасиду на тир коргар меафтод. Ҳамчу-нон то шаб даромад. Харгӯр аз чашми шоҳзода нопадидор шуд. Шоҳзода фуруд омад ва гуфт: «Акнун ин ҷойгоҳ мебояд будан, то рӯз равшан шавад ва ба лашкаргоҳ боз-гардам».

Ин гуфт ва пиёда гашт ва дар миёни саҳро асбро ши-

1 Т а к — давидан.
2 Б ӯ р — асп.
3 Тозона — маҳмез.
4 Ф и т р о к — қоши зин.

пешина
аз 290
навбатӣ