Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
бо ман наёяд, ӯро ба хорӣ битавонам бурдан. Валекин накунам, ки ӯро касе бар ин ҷойгоҳ овардааст, ӯро нигоҳдор бошад, ки агар касе биёяд маро, бо эшон хилоф бояд кардан. Маро андеша нест, ки агар ҳазор мард бошанд, ҳамаро қаҳр кунам». Аз ин гуна андешаҳо мекард, бо дил дар гуфтор, ки чашми шоҳзода дар гӯшае афтод,— саҳне заррин дид пур аз об. Чунон бидид, ӯро иштиҳои об кард, ки як шабонрӯз буд, ки об нахӯрда буд. Гуфт:
— Эй бадри мунир, дастурӣ бошад, ки як шурбат об бозхӯрам, ки сахт ташнаам.
Духтар гуфт:
— Чаро нахӯрӣ? Об аз баҳри он бошад, ки бозхӯранд.
Хуршедшоҳ пеш рафт ва он суқроқ 1 баргирифту дардам гирифт. Ҳанӯз тамом нахӯрда буд, ки беҳуш бияфтод, чунон ки аз олам бехабар шуд.
Худованди ҳадис гӯяд, ки он лашкар, ки бо шоҳзода ба шикор омада буданд, Фаррухрӯз — бародараш ва паҳлавонон Альён ва Альёр дар он хайма бо шоҳзода шароб мехӯрданд, ки он гӯрхар падидор омад ва шоҳзода эшонро ба ҷойгоҳ бинишонду худ аз дунболаи гӯрхар бирафт, то ӯро сайд кунад. Фаррухрӯз ва паҳлавонон чашм дар роҳ ниҳоданд ва ҳеҷ нахӯрданд, то Хуршедшоҳ биёяд. Ҳамагон дилтанг ва ғамнок шуданд. Ҳама дар андеша буданд, ки шоҳзода куҷо рафт ва оташ афрӯхта, ки то агар шоҳзода гум шудааст, дер бозмеояд. Ҳамчунон то вақти субҳ мебуданд. Чун асари подшоҳзода надиданд, паҳлавонон Альён ва Альёр бо Фаррухрӯз гуфтанд: «Ту ин ҷоғах мебош, то мо ба талаби шоҳзода равем». Ин бигуфтанд ва савор гаштанд ва рӯӣ ба роҳ ниҳоданд ва бар паи асп мерафтанд ва меронданд, то бад-он боло расиданд, ки гӯшаи биёбон буд. Офтоб дар қутби фалак истода буд. Паҳлавонон он водӣ ҳамчун дӯзах диданд.
Аз гӯшае диданд, ки аспи Хуршедшоҳ мегашт ва шоҳро диданд дар миёни хоку санг афтода, ҳар ду паҳлавонон бар ҷой битарсиданд, ки магар бо гӯрхар қувват меозмудааст ва асп дарафтодаасту ҳалок гашта. Шитобом ба болини шоҳзода омаданд ва дар вай нигоҳ карданд, ӯро бо ҷон ёфтанд. Хуррам шуданд ва ҳар ду пиёда гаштанд ва яке сари вай дар канор гирифт ва яке соя кард, то соате буд.
1 Суқрок (суғроқ) — қадаҳи бузург.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё