Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳзода аз хоб даромад. Чашм бикушод. Паҳлавононро дид. Гуфт:
— Дилороми ман куҷосту хайма куҷо бурданд ва маро ин ҷойгоҳ чаро доранду ин чӣ ҷойгоҳ аст?
Паҳлавонон гуфтанд:
— Эй шоҳзода, дилором кисту ин чӣ суханест, ки ту мегӯӣ? Мо туро дидем афтодаву беақл.
Шоҳзода аз ҷони мадҳуш наъра баровард ва гуфт:
— Эй паҳлавонон, чӣ мегӯед? Хаймаи атласи сурх бо камари зард ва дилороми ман, ки мо ҳамин дам мунозира бо якдигар мекардем, чӣ ҷои ин сухан аст? Рост бигӯед, куҷо бурдед?
Гуфтанд:
— Хаймаву дилором чист, хоса дар ин ҷо, ки мо туро дидем, хуррам шудем.
Шоҳзода гиря оғоз кард. Гуфт:
— Эй дилором, куҷо рафтӣ? Дил аз ман биситадиву маро танҳо бигзоштӣ ва маро ба коми душман кардӣ. Ва ному насаби хеш нагуфтӣ. Акнун аз куҷо талабгори ту бошаму ин ғам ба кӣ бигӯям? Ва кист, ки ин аҳвол аз ман бовар дорад? Ҷаҳониён маро бад ин кор чӣ гӯянд? То акнун бар ошиқон менакӯҷидам ва акнун маро накӯҳанд 1. Фарёд аз кӣ ҷӯям ва дармони дард аз кӣ ҷӯям ва рози дил бо кӣ гӯям.
Паҳлавонон гуфтанд:
— Эй шоҳзода, магар дар хоб дидӣ, вагарна ин сухан ҳеҷ кас бовар накунад, дар биёбоне чунин, ки мебинӣ, духтаре чунин, ки нишон медиҳӣ, бо хаймаи атлас, агар танҳо будӣ, куҷо рафтӣ бад-ин зудӣ? Ба куҷо тавонад будан? Макун ва бар хештан бибахшой, ки ту оқили ҷаҳонӣ. Агар ба хоб дидай, бархезу бар хештан бибахшой, то биравем.
Шоҳзода гиряву зорӣ бештар кард. То як пора роҳ бирафт, шоҳзодаро назар ба ангуштарӣ афтод. Ангуштарӣ бар дасти худ наёфт. Фарёд баровард ва гиристан гирифт ва гуфт:
— Эй паҳлавон, ба хоб надидам, ки ба бедорӣ дидам ва ин ангуштарӣ аз они ӯст, ки дар ангушти ман кардааст.
Алъёну Альёр дар он ангуштар нигоҳ карданд, гуфтанд:

1 Накӯҳидан — сарзанишу маломат кардан.

пешина
аз 290
навбатӣ