Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
шикофе ҳаст. Эшонро бибарему дар он сӯрох нишонем ва обу таоми эшон бар ман аст, ки бад-эшон мерасонам ва ҷуз он ҷойгоҳ надонам. Агар нек ва агар бад, бар ман аст, ки эшонро берун бараму дар гор пинҳон кунам. Аммо нигоҳдошт бар ман нест. Ин ӯҳда бар худ натавонам гирифт.
Самаки айёр гуфт:
— Раво бошад. Ман биравам ва Маҳпариро бо Рӯҳафзо бад-ин мақом оварам, то бо ту берун оянд ва ту тартиб бисоз.
Самак бархосту пеши Маҳпарӣ омад ва хизмат кард. Гуфт:
— Эй духтар, кор сохтам. Аммо туро коре бибояд кардан, то шуғл ба сар равад. Ин подшоҳӣ аз сар фурӯ неҳ ва танаъум¹ аз худ бияфкан, агар хоҳӣ, ки ба ком бирасӣ.
Маҳпарӣ гуфт:
— Эй паҳлавон, чӣ мебояд кардан, то бикунам ва бок надорам.
Самак гуфт:
— Эй малика, ҷомаи шоҳӣ берун куну ҷомаи халақ дарпӯш ва аз ин қалъа берун рав, то он ҷо, ки туро бибинанд, то ман аз қалъа берун оям ва туро пеши Хуршед-шоҳ барам.
Маҳпарӣ гуфт:
— Он чӣ фармой.
Ба гуфти Самак Маҳпариву Рӯҳафзо бархостанд, ва ба сарои Размоқ омаданд. Шаб наздик расида буд. Пас, дарҳол Маҳпариву Рӯҳафзо ҷома берун карданду ҷомаи халақ дарпӯшиданд, — азони зани Размоқ ва пойафзоли писарони Размоқ дар пой карданд ва ресмон бар гардан афканданд. Маҳпарӣ ва Рӯҳафзо бо Размоқ рӯй ба роҳ ниҳоданд. Мардумони қалъаро гумон буд, ки Размоқ асту ду писарони ваянд.
Чунун аз қалъа берун омаданд бар миқдори фарсанге рафта буданд, ки Маҳпарӣ фурӯ монду пойҳои вай обила шуд, чандон ки натавонист рафтан. Размоқ пеши вай омаду гуфт:
— Эй духтар, агар хоҳӣ, туро дар пушт гирам.
Пас, ӯро бар пушт гирифт, то бад-он дари сӯрох оварду биншонд. Гуфт:
— Эй духтари шоҳ, ин кор, ки бо ту кардам, маро чӣ хоҳӣ дод?
Маҳпарӣ гуфт:
— Чун ба Хуршедшоҳ расам, чунон кунам, ки ин қалъа ба ту арзона дорад.
Пас, Размоқи ҳезумкаш Маҳпарӣ ва Рӯҳафзоро дар он шикофи кӯҳ бурду бишонд ва нону об ки бо худ оварда буд, пеши эшон бинҳод ва пеши Самак бозрафту аҳвол бигуфт. Самаки айёр бар вай офарин кард ва пинҳон дар сарои Размоқ мебуданд бо дигарон, то чун шаб дарояд, агар коре битавонанд кард, бикунанд.
1 Танаъум — ба нозу неъмат парпарда шуда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо