Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак гуфт:
— Эй малика, то ман қалъаи Шоҳак бистадаму шуморо битзоштам ва биёмадам, дар Мочин мебудам. Пас, аз аввали кор, то ба охир чунон ки буд — аз кор бурдани Дилорому ҳадиси Оташак ва овардани Сиёҳгилу Сом ба асирӣ ва берун овардани эшон ва ба Мочин шудани Меҳрони вазир ва бурдани фарзандони Конун — Беҳзоду Размъёр ва аҳволи Тармашаю ду бародарони қассоб ва наҷоти эшон ва Хурдасби Шайду ба расулӣ омадан бигуфт.
Чун аҳвол ҳама бозгуфт, Маҳпарӣ низ забони чун шакар бикшуду аҳволи хеш бигуфт, ки Конун чӣ гуна ӯро ба ҳилат аз қалъа бароварду чӣ макр кард. Гуфт:
— Эй паҳлавон, аз лоло Солеҳ, чӣ хабар дорӣ, ки ӯ бо мо буд, то бад-он ҷойгоҳ, ки беҳушока ба хӯрди мо доданд. Баъд аз он ӯро бознадидам.
Самаки айёр гуфт:
— Эй малика, туро бақо бод.
Маҳпарӣ бигристу гуфт:
— Дареғо лоло Солеҳ, ки вафодор ходиме буд. Ӯро ачал расида буд, ки дар қалъаи Шоҳак мегуфтам, то Самак наёяд ё Хуршедшоҳ, дар макшой. Чун эшон биёмаданд, ӯ гуфт, ин мард аз пеши падари ту меояд. Аҷали ӯ омада буду моро аз қалъа берун овард ва дар ин меҳнат афканд.
Соате ҳар сухан мегуфтанд, то оқибат Маҳпарӣ гуфт:
— Эй паҳлавон, моро чӣ гуна аз ин қалъа берун хоҳӣ бурдан?
Самак гуфт:
— Эй малика, ин кор Размоқи ҳезумкашро рост мебояд кардан. Акнун чун туро дидам, пеши вай бозгардаму кор бисозам.
Ин бигуфту бархост, пеши Размоқи ҳезумкаш омад ва гуфт:
— Эй озодмард, чун моро ба қалъа овардӣ, ҳам чора кун, то Маҳпариро аз қалъа берун оварем.
Размоқ гуфт:
— Эй паҳлавон, ман чӣ донам, ин кор ту донӣ.
Самак дар андеша фурӯ рафт. Пас, гуфт:
— Эй Размоқ, ҷойгоҳе донӣ, ки ӯро пинҳон кунӣ? То чун мо аз қалъа берун равем, ӯро бибарем, ки нахуст ӯро берун мебояд фиристодан, ки боҳам натавонем рафтан.
Размоқ гуфт:
— Эй паҳлавон, дар он ҷо, ки мо ҳезум мекашидем,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо