Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй падари бузургвор, банда чун аз хизмат азми шикор кард, шаш рӯз дар кӯҳу саҳро шикор кардам. Рӯзи ҳафтум марғзоре буд хушу хуррам, банда фуруд омад, то биёсояд. Ба шароб хӯрдан машғул шудам. Ногоҳ аз рӯи саҳро харгӯре пайдо омад. Аз ҳаваси шикор дунболи вай гирифтам, то ӯро сайд кунам. Бар паи гӯрхар метохтам, то шаб даромад. Ӯро натавонистам гирифт. Чун ҷаҳон торик шуд, бознатавонистам гашт, тарсидам, ки роҳ гум кунам. Ҳам дар саҳро мебудам, то вақти субҳ ҳамон гӯрхар дидам, ки дар он саҳро мегашт. Боз оҳанги ӯ кардам ва метохтам, то офтоб баромад. Болое пеш омад, гӯрхар бадон боло рафт ва дар он ҷониб нопадид шуд. Чун ба боло баршудам ва нигоҳ кардам, гӯрхар надидам. Биёбоне дидам чунон саҳмнок, ки аз тарси он бисаҳмидам аз бисёрӣ дуду ғубор, ки аз он биёбон бармеомад. Аз гӯшае хаймае дидам зада, пеши он хайма рафтам. Ҳасире дидам кашида ва натъ афканда ва болиш афканда ва шахсе хуфта. Чун овози пои ман бишнид, бознишаст ва ба пой баромад. Духтаре дидам ҳаргиз ба ҷамоли вай ҳеҷ духтар надида будам. Фитнаи ҷамоли вай гаштам ва дил ба вай додаму дида бар дидори вай гумоштам. Нигоҳ кардам суқроқде дидам ниҳода, гуфтам: — «Дастурӣ бошад, ки шӯрбате об бозхӯрам?» Гуфт: — «Чаро нахӯрӣ, об аз барои он бошад, ки бозхӯранд». Банда он суқроқ ба дам ниҳодам, ҳанӯз тамоми нахӯрда будам, ки бехуд шудам. Ва чун ба худ омадам, паҳлавононро дидам бар болини ман нишаста, на хайма ва на духтар ҳеҷ надидам. Гирря бар ман афтод. Чашми ман ногоҳ бар ангушт афтод, ки ангуштарӣ дар ангушт дидам. Мӯҳре бар он нақш кардааст.
— Ин бигуфт ва ангуштарӣ ба дасти падар дод. Марзбоншоҳ дар ангуштарӣ нигоҳ кард. Нақше дид бар ӯ канда, ба дасти Ҳомони вазир дод, ки ин нақш бархон, бошад, ки аз ин моро маълум гардад, ки кист. Ҳомони вазир ангуштарӣ дар даст гирифт. Ҳарчанд ҷаҳд кард, натавонист хонд, фурӯмонд. Марзбоншоҳ бархост ва ба боргоҳ омад ва бифармуд, то ҷумлаи уламо ва аҳли фазл ҳозир гаштанд ва ангуштарӣ бар эшон намуд, ки нақши он бихонанд. Ва он ҳама файласуфон дар пеши он ангуштарӣ оҷиз омаданд. Ва Марзбоншоҳ дар он кор гирён фурӯ шуду дар ғами фарзанд дилтанг гашт. Ба Ҳомони вазир гуфт:
— Чораи ин ба даст овар, ин роз пайдо шавад ва фарзанди ман аз ин ғам берун ояд.
Вазир гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё