Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Чора он аст, эй шоҳ, бифармой, то ҳазор динор бо ин ангуштарӣ дар миёни бозор биёвезанд ва муваккалон бар вай гуморанд ва мунодӣ бонг кунанд, ки ҳар ки ин ангуштарӣ бихонад, ин ҳазор динор азони вай ва шоҳ ӯро хилъат диҳад. Бошад, ки касе бархонад, ки аз вилоятҳо оянд ва раванд. Бошад, ки касе аз он вилоят буда бошад, моро огоҳ кунад. Ман аз он ҷо тадбир кунам.
Марзбоншоҳ бар вай офарин кард, гуфт:
— Некӯ тадбир кардӣ.
Пас, он ангуштарӣ бо ҳазор динори зар биёварданд. Ва дар шаҳр корвонсарое сабил буд ва ҳамаи бозургонони маъруф он ҷо фуруд омадандӣ. Он ангуштарӣ дар он корвонсарой биёвехтанд. Ва ҳама рӯз мунодӣ гирд-гирди шаҳр бармеомад. Хосу ом меомаданд ва ангуштарӣ медиданд ва ба ҳеҷ гуна наметавонистанд хонд. То бад-ин кор чаҳор моҳ баромад, ки як кас нагуфт, ки ман ин тавонам хонд.
Шоҳзода дар он ғам бемор шуд ва ба ранги заъфарон гашт ва ҳарчанд табибон ва ҳакимони ҷалду 1 устод муолиҷат мекарданд, ҳеҷ илоҷ намепазируфт, ки илоҷи вай дидори дӯст буд, на ҳарорату бурудат 2 ва рутубату юбусат 3.
Паҳлавонони сипоҳ ва бузургони давлат аз баҳри Хуршедшоҳ гирёну нолон буданд. Ва Гулнор ва хоҳараш — Қамармулк бар болини вай зорикунон буданд, то ғояте, ки ҳама дил аз вай бардоштанд, агарчи табибон ӯро илоҷ мекарданд ва ғизои мувофиқ — наҳӯдоб медоданд, ҳеҷ суд намедошт.
Гар ба чора пизишк 4 битвонад,
Марг аз хештан бигардонад.
Ва дигар Фахрии Гургонӣ дар ин маънӣ дар қиссаи «Вис ва Ромин» гуфтааст:
Касе, к-аш мори шайдо бар ҷигар зад,
Варо тарёк созад, на табарзад 5.
Шакар ҳарчанд хуш дорад даҳонро,
На чун тарёк созад хастагонро.
Агарчи оби гул пок асту хушбӯй,
Набошад ташнаро чун оби дар ҷӯй.
1 Ҷалд — ҷустучолок, чаққон, моҳир.
2 Бурудат — хунук, хунукӣ.
3 Юбусат — хушкӣ, мизоҷи хушк.
4 Пизишк — табиб.
5 Табарзад — набот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё