Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Ҳақтаоло тақдир кард, ки чун чаҳор моҳ баромад, рӯзе вақти чоштгоҳ ҷамоате бисёр бар ангуштарӣ ҷамъ омада буданд. Ва ҳар кас сухане мегуфт, ки ногоҳ марде пир ҷомаи халақ ¹ пӯшида, асое дар даст, аз он қавм пурсид, ки: «Ин ғалаба ва ошӯб чисту шуморо чӣ расидааст ва ин зар аз барои чӣ овехтаанд?»
Гуфтанд:
Мунодӣ мезананд, ки ҳар кӣ нақши ин ангуштарӣ бихонад, ин ҳазор динор биситонад ва аз шоҳ хилъат ёбад.
Пир гуфт:
— Ангуштарӣ ба ман диҳед, то бихонам.
Он ҷамоат чун аз он пирмард он бишниданд, ӯро дашном доданд ва сақат ² гуфтанд ва гуфтанд:
— Чаҳор моҳ аст, то ҷумлаи ҳакимони олам ва мӯбадони ҷаҳон, хосу ом ҷаҳд мекунанд, ки бихонанд, натавонистанд, ту хоҳӣ хондан?
Муваккалон, ки бар хотам гумошта буданд, он мардумонро диданд, ки бо пирмард гуфтор мекарданд, гуфтанд:
— Макунед.
Ва ӯро пеши ангуштарӣ оварданд ва ангуштарӣ ба дасти вай доданд. Дар ангуштарӣ нигоҳ кард, бихандид. Гуфт:
— Эй озодмардон, ман ин нақшро бихонам ва худованди ин хотам ман шиносам ва медонам, ки номи вай чист ва куҷо бошад.
Рост, ки муваккалон аз пир он бишниданд, нишот ва хуррамӣ карданд ва он зар фурӯ гирифтанд бо хотам. Ва дасти пир бигирифтанду ба боргоҳи шоҳ омаданд ва хизмат карданд.
Марзбоншоҳ аз баҳри фарзанд дилтанг буд. Муваккалон гуфтанд:
— Эй шоҳ, марде овардем, ки мӯҳри ин ангуштарӣ бархонад ва номи худованди ангуштарӣ ва ҷойгоҳи вай медонад.
Шоҳ хуррам шуд ва гуфт:
— Кист?
Муваккалон гуфтанд:
— Эй шоҳ, ин марди пир аст.
Шоҳ нигоҳ кард, он марди пирро дид. Бинавохт ва аз баҳри фарзанд ӯро гиромӣ кард ва ба болои тахт бароварду бинишонд. Гуфт:
— Эй пир, нақши ин ангуштарӣ донӣ?
1 Х а л а қ — кӯҳна.
2 С а қ а т — носазо гуфтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё