Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пир гуфт:
— Эй шоҳ, нақши ин хотам донам ва номи худованди ин хотам донам ва ҷойгоҳи вай донам, ки духтари кист, ки ман бисёр дар он вилоят будаам. Солест, то аз он ҷо берун омадам.
Шоҳ аз он хуррам шуд, гуфт:
— Эй пир, бигӯй.
Ҳомони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, дастурӣ фармой то пеши Хуршедшоҳ равем ва низ дар ҳузури шоҳзода бигӯяд ва ин роз бикшояд, то шоҳзода хуррам шавад.
Шоҳ гуфт:
— Чунин мебояд кардан.
Шоҳ бо Ҳомони вазир ва он пирмард бо чанд каси дигар дар пас ба сарои Хуршедшоҳ омаданд. Ходимони дар пеш истода, ва модар ва хоҳари шоҳзода, ки мудом дар болини вай нишаста буданд гирён, ки шоҳ даромад бо чанд паҳлавонон. Гулнор бо хоҳараш Қамармулк дар паси парда рафтанд ва дояи шоҳзода Саман бар болини вай нишаста буд гирён, ки шоҳ даромад ва бар болини вай биншаст. Ҳомони вазир бо он дигарон ҳама нишастанд.
Марзбоншоҳ гуфт:
— Эй ҷони падар, бархез, ки нишони худованди ангуштарӣ ба даст омад.
Хуршедшоҳ чун овози падар бишунид, бархосту пушт бар болиш ниҳод ва доя дар паси пушти вай бинишаст ва гӯш биниҳод, то эшон чӣ мегӯянд.
Он пирмард забон баркушод. Ӯ ро табибӣ кард ва илоҷ фармуд, ки доруи ҳақиқат дар дасти он пирмард буд.
Гуфт:
— Эй шоҳзода, бидон ва огоҳ бош, ки ин ангуштарӣ азони духтари шоҳи Чин аст. Ва ӯро ном Маҳпарист. Ва ӯро дояе ҳаст ҷоду. Номи вай Ширвона. Дар ҷодуӣ даст дорад азим. Чунон ки Фағфури Чин бо ҷумлаи раияти вай дар дасти доя ва ба феълу кори вай оҷиз шудаанд ва аҳволи духтар набояд гуфтан. Ва чун аз Фағфур хашм гирад, духтар аз пеши Фағфур бибарад. Дар ҷойгоҳе, ки ҳеҷ кас надонад ё дар марғзоре чунон ки дидӣ, то рӯзе чанд барояд. Чун Фағфур ӯро муроот кунад духтар ба ҷойгоҳи худ бозбарад ва бошад, ки касе ӯро дида бошад ва фитна шавад. Ва шак накунам, ки доя подшоҳон ва шоҳзодагон ба дидори ӯ барад, то духтарро бубинанд ва ошиқи вай шаванд, чунон ки туро бурд. Магар он гӯрхар

пешина
аз 290
навбатӣ