Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

доя будааст. Он ҳаромзода номи он духтар бар нигин нақш кардааст. Марде устод дар шаҳри Чин аст, номи вай Саъди Наққош.

Пас, мум хост ва аз он нигин нақш баргирифт, тилисмае аз он пайдо омад мушаҷҷар карда. Ҳар кадом некӯ буд ба ҳуруфи М, Ҳ, П, Р, Й пайдо овард. Пас, чун бурҳон бознамуд ва бар эшон пайдо кард, ҳамгинон дар он тилисм оҷизу бимонданд.

Шоҳзода гӯш ниҳода то ҳама бишнуд, гуфт:
— Эй пир, ин духтари Фағфур, ки ту мегӯӣ, шавҳар дорад ё на?

Пирамард гуфт:
— Эй шоҳзода, шавҳар накардааст ва то бад-ин ғоят шунидам, ки бисту як подшоҳзода хостгории ӯ кардаанд ва аз ӯҳдаи вай бадар наёмаданд. Ҳамаро қаҳр карда.

Хуршедшоҳ гуфт:
— Ба чӣ сабаб? Магар Фағфур моли фаровон мехоҳад, аз ин кор ба ранҷ омадааст?

Пирамард гуфт:
— Эй шоҳзода, Фағфур аз ин ба ранҷ омадааст, ки доя ҷодуе кунад, ки масъалае чанд дар миён овардааст. Яке асбе, ки ром мебояд кардан, ва дигар ғуломе чанди нахли хурмо, ки бо вай гӯштӣ бояд гирифтан ва саввум масъалаест ва ҷавоб боздодан, ки ҳар кас, ки аз ӯҳдаи он масъала берун ояд, духтари Фағфур — Маҳпарӣ зани вай бошад. Ва касоне, ки хоҳони ин духтаранд, фитна ва оҷизу мондаанд. Дояи ҷоду дасти эшон гирад, ба сарои хеш барад на зинда ва на мурда кас нишони эшон нашнавад. Аҳвол чунин аст, ки гуфтам, ҳама дояи ҷоду мекунад. Подшоҳзодагонро аз роҳ мебарад ва ошиқи духтар мешаванд ва эшонро ҳалок мекунад.

Чун шоҳу шоҳзода ва Ҳомони вазиру Фаррухрӯз ва дигар паҳлавонон ин сухан аз пир бишниданд, тааҷҷуб доштанд. Дар он кор фурӯ монданд, ки дар олам коре чунин тавонад буд. Марзбоншоҳ гуфт:
— Ин турфа корест, ки фарзанди ман ҳама дил дар он кор баст, ки ба ҷон пурхатар аст, ки агар коре будӣ, ки ба моли ҷаҳон баромади ё ба лашкари олам аз пеш тавонистаме бурдан.

1 Мушаҷҷар — ба шакли дарахт нақшшуда.
2 Ин ҳуруфро бо алифбои арабӣ нависем (м, ҳ, п, р, й) аз он номи Маҳпарӣ берун меояд.
3 Бурҳон — далел, ҳуҷҷат.

пешина
аз 290
навбатӣ