Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хуршедшоҳ бар падар офарин кард ва дилшод ба хона омад.

Марзбоншоҳ, чун ба хуррамӣ фарзанд аз пеши вай бирафт, дарҳол бифармуд, то дари ганҷ бикушоданд ва моли фаровон аз ҷавоҳир ва зару нуқра ва мушку анбару кофӯр ва ҷомаҳои атласи румиву бағдодӣ бист хирвор тартиб кард. Ва хаймаву хиргоҳ ва фаррошнову зарродхона ва матбаху обрез ва он чӣ ба кор бояд. Пас, он ду паҳлавон — Алъёну Алъёрро бихонд ва гуфт:

— Бояд, ки бо фарзанди ман ба вилояти Чин равед, ки ӯ кӯдак асту тартиби ҳар коре надонад ва русуми ҳар чизе нашиносад ва худ ҳақ бар шумост ва ин кор бо шумо афтод. Ҳам бо шумо меравад.

Ҳар ду хидмат карданд ва гуфтанд:

— Мо бандагонем, он кунем, ки шоҳ фармояд.

Марзбоншоҳ ҳазор савор номзад кард, ки бо фарзандаш бошанд, ки худ бештар хешон буданд, аз баҳри он, ки ғамхорагӣ бештар кунанд. Паҳлавонон биёмаданд ва тартиби роҳ карданд. Ба рӯзе ихтиёри хайма бадар заданд. Хуршедшоҳ пеши модар ва хоҳарон омад, то эшонро видоъ кунад. Модар бо хоҳараш фарёд бароварданд ва мегиристанд. Гулнор мегуфт:

— Эй писар, аз дидори модар сер омадӣ? Ва туро ҳанӯз ба ком надидам. Аз ин фироқ падруд бош, дили ман гумон мебарад, ки пас аз ин дидори модар нахоҳӣ дид.

Мегуфт ва зорӣ мекард, чунон ки халқи ҷаҳон зорӣ мекарданд ва гирён мебуданд. Ва хоҳараш худ дар хок афтода буд ва мегиристу зорӣ мекард ва гуфт:

— Эй модар, агар туро дил дар фироқи Хуршедшоҳ бирён аст, донӣ, ки ман бе бародар натавонам зист, дастурӣ деҳ, то ман бо вай биравам, ки маро бе вай зиндагонӣ намебояд.

Гулнор зорӣ оғоз кард ва гуфт:

— Медонам, ки ӯро ишқ аз хонумон ҷудо мекунад, туро бо вай чӣ кор? Пеши модар мебош, то ба дидор мегузорам.

Фаррухрӯз гуфт:

— Эй модар, маро дил бе рӯи ӯ наёромад. Агар маро нагузорӣ, бигрезам ё худро ҳалок кунам.

1 Фаррошхона — хонаи хизматгорон.
2 Зарродхона — хонаи асбобу аслиҳаи ҷанг.
3 Матбах — ошхона.
4 Обрез — дар ин ҷо ба маънои гармоба, ҳаммом.

пешина
аз 290
навбатӣ