Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модар гирянд, ки чунон ду фарзанд аз пеши чашми вай бираванд. Дил ӯро мегуфт, ки «ҳаргиз эшонро бознабинӣ». Хуршедшоҳу Фаррухрӯз видоъ карданд ва модар дар канор гирифтанд ва рӯй ба роҳ ниҳоданд.
Чун овози табли раҳил1 баромад, Марзбоншоҳ бо Ҳомони вазир ва паҳлавонону амирони хос ба видои шоҳзода омаданд як манзил. Шоҳзода пиёда гашт ва рикоби падар бӯса дод ва гуфт:
— Эй бузургвор падар, бозгард, ки бандаро роҳи дур дар пеш аст, шоҳро беш аз ин ранҷа натавон будан. Бозгард ва ба дуо ин бандаро ёд дор. Агар худой хоҳад, зуд ба хизмат бозгардам.
Пас, ӯро васият кард ва гуфт:
— Зинҳор, эй писар, чун ба саодат бозой, агар падар намонда бошад, бар қоида ва расми падар нигоҳ дорӣ ва ба доду адл мулкро обод дорӣ. Ва зинҳор, эй писар, дар подшоҳӣ бедор ва ҳушёр бош.
Пас, якдигарро видоъ карданд, чунон бигиристанд, ки ҷумлаи сипоҳро гирья дарниҳод. Марзбоншоҳ ба шаҳр бозгашт.
Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва он ду паҳлавон Альёну Альёр ва ҳазор мард сафарӣ гаштанд ва рӯзу шаб роҳ карданд, манзил ба манзил беобу бегиёҳ мақом ба мақом ва далели 2 роҳ бо эшон. То ба муддате наздик ба канори биёбоне расиданд чиҳилрӯза роҳ беманзил ва беобу гиёҳ. Далел пеши Хуршедшоҳ омад ва паҳлавонон ҳозир буданд. Гуфт:
— Эй шоҳзода, бидон, ки биёбоне чиҳилрӯза роҳ дар пеш аст. Моро обу зод 3 ва улуфа мебояд тамом, то ин биёбон бартавонем задан. Шоҳзода дар паҳлавонон нигоҳ мекард ва гуфт:
— Ин корро чора чист ва он чӣ бояд, тартиб диҳед. Альён ва Альёр гуфтанд:
— Моро чаҳорпои бисёр аст ва нону об саҳл аст. Алафи чаҳорпой панҷоҳрӯза баргирем ва аз ин биёбон бигзарем, ки ҳар чӣ бар ин кор бармеояд, саҳл аст, аз гунаи дигар душвор будӣ.
Ин сухан бигуфтанд ва тартиб карданд, ҳар чӣ бояст аз нону об ва алафи чорпой соз доданд. Пас, рӯй дар биёбон ниҳоданд. Биёбоне дар пеши эшон омад, ки пиндоштӣ,

1 Раҳил — рафтан, роҳӣ шудан.
2 Далел — роҳбалад, роҳбар.
3 Зод — тӯшаи роҳ.

пешина
аз 290
навбатӣ