Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Чунин гӯяд худованди ҳадис, ки чун шоҳзода ба дари шаҳри Чин фуруд омад, Фаррухрӯзи бародараш дар хилват бо вай гуфт:
— Эй бузургвор шоҳзода ва эй нури дидагони ин бародар, як калима сухан бибояд гуфтан, ки маслиҳат чунин аст ва моро аз он роҳат бинам. Ва агар донам, ки баҷой оварӣ ва қавли ман рост дорӣ ва кор бандӣ ва беҳуда надорӣ, то бигӯям.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй бузургвору худованди рой ва бародари меҳтари ман, гуфтори туро хилоф напиндорам ва аз фармони ту берун наравам, ки маро меҳтарӣ ва беҳтарӣ, алалхусус, ки панд бигӯй, то он чист.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй шоҳзода, бидон ва огоҳ бош, ки ин кор, ки ту пеш гирифтӣ душвор аст ва ҷонбозӣ аст, ки дар он пой ниҳодай ва ҷон азиз аст, ба ҳарза барбод натавон додан, ки ҳамаи корҳо барои ҷон кунанд. Чун ҷон нест, аз он кор чи ҳоҷат бошад, ҳама чиз аз баҳри роҳати ҷон бояд. Ва ин бародари ту нек андеша кардааст ва ба ҷуз чунон набояд кардан, ки ҳеҷ тафовут натавон ниҳод ба рӯю мӯй ва дидору гуфтор ва боло. Ҳеҷ кас моро аз ҳам бознашинасад, магар хидматгорони қадим ва эшон моро ба либӯс донанд, бисёр низ ғалат афтад. Ин ҳукм тақдир кард, ки чунин сабабе бибошад. Бояд, ки ҷомаи худ дар ман пӯшӣ ва маро ба ҷои худ бинишонӣ ба номи Хуршедшоҳ ва ту Фаррухрӯз бошӣ. Чунон ки касе дар ҷаҳон надонад. То чун моро ба боргоҳи Фағфур баранд, доя ночор биёяд ва масъала пурсад. Ҷавоб натавонам дод. Доя маро бубарад ту бар ҷои бошӣ, магар чорае тавонӣ кардан. Агар ман зинда бошам, ту берун оварӣ, вагарна ки кушта гардам, ивази хуни ман бозкунӣ ва ҷаҳд кунӣ, ки ба коми дил бирасӣ. Ман аз барои ту ҷон фидо карда бошам.
Хуршедшоҳ бар вай дуо кард ва гуфт:
— Эй бародар, кор маро афтодааст. Ошиқ манам ва аз хонумон бад-ин ҳавои дил овора гаштаам ва туро бо худ дар ранҷу бало афкандаам. Ҷон фидо маро бояд кардан. Ту бош, агар маро коре афтад, хабар пеши модар ва падар барӣ ва ту ба кин хостани ман камар бандӣ.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй бародар, на аввал туро гуфтам, ки агар хоҳӣ кардан, то бигӯям ва гуфтӣ, бикунам? Акнун бознатавонӣ дод. Ин кор чунин мебояд кардан. Маслиҳат чунин мебинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё