Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
тода бод. Эй шоҳзода, сари эшонро барбояд дошт, ки душманд ва душман саркӯфта беҳ бошад.
ПАС, шоҳзода ба Темуртош офарин кард. Пас, аҳвол бо лашкар бигуфт, ҳамгинон аҷаб доштанд ва бар эшон нафрин мекарданд. Пас, шоҳзода бифармуд, то ҳар дуро сар аз тан ҷудо карданд. Пас, хосагиён гуфтанд:
Эй шоҳзода, ҳар ки бадӣ кунад, кайфар барад... Бе он ки эшонро аз ту ранҷе расида буд, бар ҷурми худ гирифтор омаданд ва яздон нигоҳ дошт.
Шоҳзода бар ҳамгинон офарин кард ва Темуртошро хилъате некӯ дод ва он чӣ азони Альён ва Альёр буд, ба вай арзонӣ дошт. Ва надимии хоси худ ба вай дод ва хазинадорӣ ба вай дод. Ва ӯро соҳиби сирри хеш кард ва дилхушиҳо дод ва аз он ҷо рӯй ба роҳ ниҳоданд, то аз он биёбон бигзаштанд ва ба ободонӣ расиданд.
Ва бар он сари биёбон шаҳре буд, ки ӯро Тӯрзамин мехонданд. Дар он шаҳр се рӯз биёсуданд ва ранҷи роҳ бияфканданд ва аз он шаҳр баъд аз се рӯз рӯй ба роҳ ниҳоданд, то рӯзе вақти субҳ саводу баёзи Чин пайдо омад. Ҳамчунон ба дарвоза омаданд. Шоҳ бифармуд, то дар беруни шаҳр фуруд омаданд. Хаймаву хиргоҳ барпой карданд. Ғалаба ва ошӯби эшон дар шаҳри Чин афтод.
Халқи Чин аз болои ҳисор баромаданд ва назора мекарданд. Пас, хабар ба шоҳ Фағфур бурданд, ки гурӯҳе мардуми лашкарӣ миқдори ҳазор савор фуруд омаданд, ҳама оростаанд бо зинати тамоми ва хазинами фаровон.
Шоҳ Фағфур вазире дошт, кордону ҷаҳондида ва файласуф, номи вай Меҳрони вазир, пеши шоҳ Фағфур ҳозир буд. Шоҳ Фағфур гуфт:
Эй вазир, кӣ тавонад будан ва ба чӣ кор омадаанд?
Кас фирист ва аҳвол боздон, то кистанд ва толиби чистанд?
Меҳрони вазир нигоҳ кард, ҳоҷибе буд азони шоҳ, кордону кордида ва бо фасоҳат ва ҳоҷиби кабир буд. Меҳрони вазир вайро пеш хонд, гуфт:
Бирав ва нигоҳ кун, ки ин лашкар кистанд ва аз куҷо меоянд? Дӯстанд ё душман? Ошноанд ё бегона? Гузарианд ё мақомӣ? Ва ин хабар зуд бозовар, то тартиб бисозем.
Ҳоҷиби кордони зарринкулоҳи фарзинамуд хидмат кард ва аз пеши Фағфур бадар омад ва пой ба бораи раҳнавард даровард ва аз дарвоза берун омад, то ба лашкаргоҳи шоҳзода расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё