Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Хоҷа Саъди баззоз, ки бузургтари баззозон буд, биёмада ва биншаст. Ва бо Хоҷа Саъди баззоз дӯстӣ гирифт. Баъд аз рӯзе чанд як рӯз ба дӯкони Хоҷа Саъди баззоз нишаста буд ва сухане чанд мегуфтанд, ки ногоҳ саворе пайдо шуд каҳл 1 ва пиёдае чанд чолоку мардона дар пеши ин марди каҳл равона шуда, ҳайбате аз эшон меомад.
Хуршедшоҳ аз Хоҷа Саъди баззоз пурсид, ки:
— Ин савор чӣ кас аст ва ин пиёдагон киёнанд, ки ман мисли ин мардум надидаам?
Хоҷа Саъд гуфт:
— Ин савори каҳлро Шағоли Пилзӯр мегӯянд ва сари ҷавонмардони ин шаҳр аст ва он ҷавони намадпӯш, ки ханҷарҳо дар ямину ясор фурӯ бурда, сари айён аст ва ӯро Самаки айёр мехонанд ва писархондаи Шағоли Пилзӯр аст ва ин дигарон рафиқони эшонанд ва ихтиёри куллии вилояти шоҳ доранд ва исфаҳсолори шаҳранд.
Шоҳзода бо худ гуфт, ки: «Пеши эшон бояд рафтан бошад, ки коре барояд». Ин бигуфту ба мақоми худ бозомад ва ёрони худро талаб кард ва Ҷумҳурро гуфт, ки:
— Молро бардору ба ҳар ҷо, ки мехоҳӣ, мегард ва аз ҳоли мо пурсон мебош ва Темуртошро низ гусел кард ва ёронро иҷозат дод, ки мабодо зани ҷоду бо шумо коре накунад, силоҳи худро гум кунед, то бибинам, ки ҳоли мо ба куҷо меанҷомад ва суррае 2 зари ҳазор танга бардошт ва ба дари хонаи Шағоли Пилзӯр омад.
Ду ҷавон истода буданд.
Гуфт:
— Сари ҷавонмардонро бигӯӣ, ки ғарибе омада ва мехоҳад дарояд, агар иҷозат бошад.
Эшон гуфтанд, ки:
— Дари ҷавонмардон кушода бошад.
Шоҳзода гуфт:
— Чунин аст, аммо беиҷозат даромадан дар хонаи ҷавонмардон ноҷавонмардист.
Он ду ҷавон рафтанд ва ба Шағоли Пилзӯр моҷароро гуфтанд.
Шағол гуфт:
— Ин ки шумо нишон медиҳед, аз касони Хуршедшоҳ мемонад. Биравед ва дароред.
Берун омаданд ва шоҳзодаро дароварданд.
1 Каҳл — марди миёнсол.
2 Сурра — ҳамён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё