Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шағоли Пилзӯр эъзоз карду шоҳзодаро бигузаронид ва бипурсид. Баъд аз таом май дароварданд. Баъд аз он ки шоҳзода сархуш шуд, рӯ дар Шағол карду гуфт:
— Ё паҳлавон, ҷавонмарди чанд ҳад дорад?
Шағол гуфт:
— Ҳадди ҷавонмардӣ аз ҳад фузун аст, аммо он чӣ фузунтар аст, ҳафтоду ду тараф дорад ва аз он дуро ихтиёр кардаанд: яке нон додан ва дуввум роз пӯшидан. Акнун туро чӣ ҳоҷат аст? Бигӯй.
Шоҳзода гуфт:
— Чун роз пӯшидан сифати мардии шумост, пас, маро амонӣ фармо, то розе, ки дорам, бигӯям.
Шағоли Пилзӯр гуфт:
— Ба додори кирдигор савганд, ки рози туро бо кас нагӯему ҷон фидои ту кунем ва ёронаш низ савганд хӯрданд ва онгоҳ шоҳзода гуфт, ки:
— Бидонед, ки ман Хуршедшоҳам писари Марзбоншоҳ — подшоҳи мулки Шом.
Шағол гуфт:
— Эй ҷавон, мо дар боргоҳи шоҳ будем, ки дояи ҷоду Хуршедшоҳро бигирифту дар баробари мо бурд ва ту мегӯй, ки ман Хуршедшоҳам. Моро дар ин сухан дурустӣ бояд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Он бародари ман буд Фаррухрӯз, мо ҳар ду ба ҳам монем. Аспу ҳабаширо ман ром кардам, аммо ба ҷиҳати масъала бародарам ҷони худро фидои ҷони ман кард.
Ин бигуфтӣ, гирён шуд.
Шағоли Пилзӯр чун аз ҳол воқиф шуд, гуфт:
— Ҷавонмардии Фаррухрӯз аз мо зиёдат будааст. Ин бигуфтӣ он пиёла, ки дар даст дошт, ба ёди Фаррухрӯз бихӯрд ва бархост. Шоҳзодаро дар канор гирифту қадр ва иззати ӯ барафзуд ва шоҳзода ӯро ба падарӣ қабул кард ва шоҳзода он бадраи зар бар сари ӯ фурӯ пошид.
Шағол гуфт:
— Ман бо ин шаст ҷавон рафиқу хизматгори Фаррухрӯзем ва бо ҳам мурооти бисёри карданд ва он гоҳ ба сӯҳбат машғул шуданд.
Дар аснои сӯҳбат шоҳзода гуфт:
— Эй ахӣ¹, чун шафқат кардиву моро қабул кардӣ, ҳеҷ тавонӣ кард, ки ман духтари шоҳро яке бубинам ва ҳоли Фаррухрӯзро аз ӯ маълум кунам?
Шағол ба худ фурӯ рафт, баъд аз он гуфт:

1 Ахӣ — (лафзи арабӣ) ба маънои бародар.

пешина
аз 290
навбатӣ