Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Канизак дар хона рафту чизе биёвард бар мисоли нардбоне аз адим ғилофе дар ӯ кашида. Ғилофи адимро боз карду чангро берун овард ва бар чанг гирифт ва ба чанг самоъ кард, ки шоҳзодаро аз ҳуш бибурд. Чун аз он бипардохт, пиёлаи дигар нӯш кард. Канизакро гуфт, ки:
— Биёр он тарабафзои моҳсурати мудавваршакли садафҳайъати моҳисиратро, то соате овоз бад-он бароварем.

Канизак дар хона рафт ва суфрае аз адим биёвард ва бикшоду аз он ҷо доирае берун кард ва ба дасти Рӯҳафзо дод. Рӯҳафзо дасте бар он фуруд овард. Овозе аз ӯ баромад, ту гуфтӣ, ки мусиқори румиён аст, ки дар Рум менавозанд. Бад-он навбати дигар самоъ дод ва фуруд овард ва пиёлаи дигар бихӯрд. Офарин аз он ёрон баромад.

Шоҳзодаро бода дар сар асар кард ва пардаи ҳиҷоб аз пеш баргирифт ва ҳавас кард, ки тарабрӯдро баргирад. Иҷозат хост ва дар канор гирифт ва ба навозиши ошиқона дар мақоми сӯзнок бинвохт, чунон ки Рӯҳафзоро ақл фурӯ монд ва бипурсид, ки ин ҷавон аз шумост, ки бо вуҷуди ин овозу соз ва ҳусну усул, ки бо ӯст, ба мову ғайри мо чӣ ҳоҷат.

Самак вақти сухан ёфт. Бархост ва хизмат кард ва гуфт:
— Эй модар, донӣ ки ҷавонмардӣ чисту пешаи кист?

Рӯҳафзо гуфт, ки:
— Ҷавонмардӣ азони ҷавонмардон аст ва агар зане ҷавонмардӣ кунад, мард он аст.

Самак пурсид, ки:
— Аз ҷавонмардӣ кадом шуққа дорӣ.

Рӯҳафзо гуфт:
— Аз ҷавонмардӣ амонатдориро бакамол дорам, ки агар касеро коре афтад ва ба ман ҳоҷат орад, ман ҷон пеши ӯ сипар кунам ва миннат бар ҷон дорам ва бад-ӯ ёр бошам ва агар касе дар зинҳори ман ояд, ба ҷон аз даст надиҳам, то ҷонам бошад. Ва ҳаргиз рози касе бо касе нагӯям ва сирри ӯро ошкоро накунам. Мардӣ ва ҷавонмардӣ инро донам. Акнун туро мақсуд аз инҳо чист? Агар коре ва розе дорӣ, ошкоро кун ва агар амонатӣ дорӣ, ба ман биспор.

Самаки айёр бар ӯ офарин кард ва гуфт:
— Бале, розе дорам, бигӯям ва амонатӣ дорам, ба ту бисупорам. Аммо хоҳам, ки бад-ин гуфтаи худ савганде ёд кунӣ.

Рӯҳафзо гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ