Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
«Дилафрӯз» гирифт, то иҷозат хоҳад. Духтари шоҳ — Маҳпарӣ гуфт:
— Эй Рӯҳафзо, дишаб зуд маст шудам, бояд имшаб бимонад, то нек сӯҳбат бидорем.
Рӯҳафзо бирафт, Маҳпарӣ бо «Дилафрӯз» ба хилват сӯҳбат оростанд.
Шоҳзода бо худ мегуфт, ки: «Тӯро гумон куҷо буд, ки бад-ин давлат бирасӣ». Ва боз доруи бехудӣ дар кори духтар кард. Духтар бияфтод. Боз Хуршедшоҳ инон бозкашиду ба мардӣ худро бидошт ва гуфт: «Дар талаби Фаррухрӯз бошам».
Ин бигуфт ва аз он хона берун омад ва дар сарой мегардид, то чӣ рӯй намояд. Ногоҳ даҳлезе пайдо шуд. Хост, то дар он ҷо дарояд, ногоҳ зангие бадшакл шамшер ҳаволаи сари шоҳзода кард. Шоҳзода гуфт:
— Ҳай, мазан, ки ошност.
Ходим гуфт:
— Эй фурӯмоя, ҳеҷ кас дар олам заҳраи он надорад, ки бар дари ин ҳуҷра бигузарад. Аз шоҳ Фағфур даргир, то ба дигарон бирасад. Ин ҷойгоҳи доя аст.
Шоҳзода хуррам шуд, бо худ гуфт: «Ёфтам он чӣ хостам».
Гуфт:
— Эй устод, ман ғарибаму роҳ намедонам, ки куҷо равам. Манам Дилафрӯзи мутриб, ки пеши духтари шоҳ мебошам. Ба қазои ҳоҷат бархостам, роҳ надонистам. Бар ин ҷой омадам, маро маъзур дор.
Ходим номи Дилафрӯз шунид, бархост ва хизмат кард ва гуфт:
— Эй дилором, надонистам. Дӯш овози ту шунидам, маро орзу буд, ки соате бо ту шароб хӯрам ва ишрат кунам. Дили ман туро бар ин ҷойгоҳ овард.
Шоҳзода гуфт:
— Фармонбардорам. Метарсам, ки духтари шоҳ бедор шавад ва маро набинад, сухане гӯяд.
Ходим гуфт:
— Андеша нест, замоне шароб хӯрем. Пас, ходим гуфт: ба ҳуҷра равем, ки ин ҷойгоҳ раҳи гузар аст.
Рӯй ба ҳуҷра ниҳоданд. Соате шароб хӯрданд. Шоҳзода самоъи хуш мекард нарму ҳазин, чунон ки овози вай аз ҳуҷра берун намешуд. То чанд қадаҳ шароб бихӯрданд, беҳушона дар шароб афканд ва ба хӯрди ходим дод. Аз қуввати дору саросема гашт ва беҳуш бияфтод.
Чунон шуниданд, ки номи он сиёҳ Камкук будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё