Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
мебояд буд ба мутрибӣ. То чораи худ бисозам, ки ман низ берун оям.
Чун шоҳзода ин бигуфт, эшон савганд хӯрданд, ки ин роз ошкор накунанду нагӯянд ва ризо надиҳанд, ки аз эшон касе гӯяд.
Пас, Хуршедшоҳ гуфт:
— Дил фориғ доред, ки ман шуморо фардо шаб бе ранҷе бибарам ё ба рӯз рух ба даст оварам. Ин бигуфту дасти Фаррухрӯз бигрифт ва ба боло баромадан дар боз ҷой басту калид боз ҷайби сиёҳ ниҳод. Пас, роҳи бом ба даст овард ва ба болои бом баромаданд ва бирафтанд ва каманд аз миён бикшод ва дар миёни Фаррухрӯз баст.
Гуфт:
— Эй бародар, чун ба зер равӣ, ба маҳаллати Коҳфурӯшон рав ба сарои ҷавонмардон, пеши Шағолу Самак рав ва аҳвол, чунон ки дидӣ, бигӯй ва агар сухане бошад, бо Рӯҳафзо бигӯй, то ба ман бигӯяд.
Ин бигуфту боз гуфт:
— Чора кун, то фардо шаб ин мардонро бадар оварем. Беш аз ин наметавонам гуфт, ки дергоҳ аст.
Пас, Фаррухрӯз фурӯгузошту худ аз боло ба зер омад ва пеши духтари шоҳ рафту бихуфт.
Мо омадем ба ҳадиси Фаррухрӯз ва ҷамоати мардон. Муаллифи ахбор гӯяд, ки чун Хуршедшоҳ Фаррухрӯзро аз он зери замин берун овард ва аз болои бом фурӯгузошт, рӯй ба роҳ ниҳод, то ба сарои ҷавонмардон омад, чунон ки ӯро роҳ менамуданд. Чун ба дари сарой расид, дар кушода диду овози захми чӯб шунид. Бо худ гуфт: «Ин чӣ шояд будан бад-ин вақт». Андар сарой рафт. Ҷамоати ҷавонмардонро дид, нишаста ва зане дар чӯб кашида. Чун нек нигоҳ кард, ҷодуро дид барбаста. Дар он вақт ӯро бишнохт. Пас, бо нишот бар ҷавонмардон салом кард. Шағол дар рӯи ӯ нигоҳ кард, бархост ва ӯро дар канор гирифт ва бидонист, ки ӯ бародари Хуршедшоҳ аст. Ӯро аз банду зиндон бипурсид. Айёрон ҳама ӯро дар канор гирифтанду бипурсиданд ва хуррамӣ карданд.
Доя бо он ҳама чӯб, ки хӯрда буд, гуфт:
— Кист ин, ки ӯро мепурсед.
Нигоҳ кард Фаррухрӯзро дид. Бад-он ҳама хорӣ, ки сари маъҷун буд, сар баровард ва гуфт:
— Эй фурӯмоя, чун омадӣ ва ин чӣ ҳол аст? Магар Камкуки сиёҳ бимурду сарой хароб шуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё