Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Баҳор дар китоби худ «Сабкшиносӣ» (ҷ. II, саҳ. 130) ишора карда буд.
Дар китобхонаҳои олам чандин нусхаи дастхати маҷмӯаҳои бузурги қиссаву ҳикояти насри ривоятии форсу тоҷик мавҷуд аст, ки дар асрҳои XVII—XIX китобат ва нусхабардорӣ шудаанд. Аз назар гузаронидани нусхаҳои асосии дастхати он маҷмӯаҳо равшан менамояд, ки дар асрҳои XVI—XIX бештар қиссаву ҳикоят ва ахбору тамсилҳои хурд инкишоф ёфтаанд, ки қиссаву ҳикоятҳои саргузаштию фантастикии мисли «Ризвоншоҳ ва маликаи Рӯҳафзо», «Маликаи Нӯшофарини Гавҳартоҷ» ва ҳикоятҳои ҳаҷвии мисли «Солеҳи хиштрез ва духтари қозии Бағдод», «Дузду қоӣ», «Қозӣ, ки дар хирмани гул ба зер афтод», «Раиси вилояти Мавсил ва писари ӯ» намунаи онанд. Дар насри ривоятии форсу тоҷик ба ғайр аз ҳикояту латифаҳои хурди беҳисоб миқдори зиёди қиссаву ҳикоятҳои бузург мавҷуданд, ки ҳаҷман ҳар кадоми онҳо ба роману повестьҳои ҳозиразамон монанданд.
Вобаста ба баромади иҷтимоӣ, ҷаҳонбинӣ ва дараҷаи саводи қиссахон, доираи шунавандагон ва тақозои сиёсати вақт ҳар як қисса ё ҳикоят дар маҷмӯаҳои гуногун аз ҷиҳати услуб ва забон тафовутҳои ҷузъӣ дорад. Аммо тамоми осори насри ривоятии асрҳои XVI—XIX-ро ба ҳукми хусусиятҳои умумии забон ва услуб ба сабки «омехта» ва такаллуфомез тақсим кардан мумкин аст. Асосии забони қиссаву ҳикоятҳо нутқи зиндаи адабӣ бошад ҳам, дар сабки омехта ҷо-ҷо унсурҳои забони китобӣ ва лаҳҷа мушоҳида мешавад. Намунаи ба хонандагони мӯҳтарам маълуми сабки такаллуфомези насри ривоятӣ «Чор дарвеш» аст. Такаллуфоти забони ин асарро нисбат ба «Самаки айёр» ё «Искандарнома» фаҳмидан лозим аст. Вагарна, забони «Чор дарвеш» нисбат ба намунаҳои сабки маснӯи насри таълифӣ «Анвори Суҳайлӣ» ва «Баҳори дониш» тамоман содда ва оммафаҳм аст.
Бисёр асарҳои насри ривоятӣ маҳсули робитаҳои адабии адабиёти форсу тоҷик бо халқҳои дигари Шарқ мебошанд. Ин бесабаб нест. То он ки як китоб аз мамлакате ба мамлакати дигар расад, тарҷума шавад ва дастраси муштоқони маърифат гардад, солҳо мегузашт. Аммо мундариҷаи китобҳои ривоятӣ ба воситаи корвониён ва ҷаҳонгардону сайёҳон аз кишваре ба кишвари дигар нақл мешуд.
Дар китобҳои насри ривоятӣ қиссаву ҳикоятҳоеро дучор меоем, ки асли онҳо ба халқҳои ҳинд, араб, чин, тибет ва ғайра тааллуқ доранд. Ҳанӯз муайян нашудааст ва шояд муайян кардан мумкин ҳам набошад, ки он ҳикоятҳо аз кадом китоб, кай ва аз тарафи кӣ ба форсию тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Ин ҳикоятҳо ба дараҷае тоҷикӣ шудаанд, ки решаи ҳиндӣ ё арабии онҳо баъд аз тадқиқоти зиёд равшан мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё