Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Инчунин осори насри ривоятии форсу тоҷик ба адабиёти халқҳои Кавказ, дертар ба адабиёти ҳиндӣ, урду, узбек, қирғиз, туркман ва халқҳои дигар таъсир кардааст. Ҷолиби диққат аст, ки асарҳои насри ривоятии форсу тоҷик ба муаллифи асри XII гурҷӣ Мосэ Хонели таъсири бузург доштааст. Н. Я. Марр романи нависандаи мазкур «Амиран-Дареҷаниани»-ро бо китоби «Амир Ҳамза» ва гуфтаи таърихнависи асри XVI гурҷӣ Бугро-т муқоиса карда ба ақидае омада буд, ки асари Хонели тарҷумаи «Амир Ҳамза» набошад ҳам, дар зери таъсири бевоситаи он китоби форсӣ таълиф шудааст. Аз осори насри ривоятии форсу тоҷик ба забони гурҷӣ «Бахтиёрнома», қиссаи «Баҳрому Гуландом» ва чанд асари дигар низ тарҷума шудаанд. Романҳои «Абӯмуслимнома», «Китоби Амир Ҳамза», «Қаҳрамоннома», «Шоҳномаи мансур», қиссаҳои «Ризвоншоҳ», «Баҳрому Гуландом», «Сайфулмулук» ва чанд ҳикояти дигар ба забони узбекӣ, китоби «Ҳотами Той» ва чанд қисса ба забонҳои қирғизиву туркманӣ тарҷума шудаанд.

Осори насри ривоятӣ низ мисли дигар қисмҳои адабиёти бадеӣ дар инкишофи равобити маданӣ ва дӯстии халқҳо саҳме гузоштааст.

Дар таърихи такомули жанри насри ривоятии форсу тоҷик китоби «Самаки айёр» бо мундариҷа ва бадеияти худ мақоми алоҳида дорад.

Ҳарчанд ки ним аср муқаддам шарқшиноси немис Ҳерман Эте доир ба дастхати нодири ин китоб хабар дода буд, нашри «Самак» ҳамин солҳои охир анҷом пазируфт. Ба нашр тайёр кардани ин асари муфидро олими маъруфи Эрон Парвези Нотили Хонларӣ ба зимма гирифта, ин кори муҳимро бо камоли маҳорат анҷом дод. Ҳоло ду ҷузъи ҷилди аввал ва як ҷузъи ҷилди дуюми «Самаки айёр» аз чоп баромад. Парвези Хонларӣ аз хусуси таърихи иншо ва муаллифи китоб дар сарсухан менависад: «Таърихи китобати ин нусха ва номи котиби он маълум нест. Замони таълифи китобро низ ба яқин наметавон муайян кард». Баъд аз як силсила муҳокима ва овардани чанд далел Хонларӣ менависад: «Аз номҳои хоси туркӣ, ки дар матни китоб омадааст, монанди Самориқу Санҷар, Қимозу Коваршоҳ, Қизилмалику Арғун, Каэриқу Ковард гумон метавон кард, ки таърихи тадвини қисса пеш аз охири давраи салҷуқӣ нест». Агар ба тахмини Хонларӣ ҳамроҳ шавем, тартибу китобати «Самак»-ро охирҳои асри XII ва ибтидои асри XIII ҳисобидан лозим меояд.

Дар хусуси шӯҳрати китоби «Самаки айёр» дар байни мардум Хонларӣ қайд мекунад, ки ин асар «қарнҳо мояи саргармӣ ва нишоти мардуми ин сарзамин дар вақтҳои фарогат буда ва қиссагӯён ҳар як онҳоро аз устод ё падари худ шунида ва умре барои мардумони шаҳру деҳ бозгӯ карда ва сипас ин хидмати иҷтимоиро ба шогирд ё фарзанди худ супурда ва даргузаштаанд».

пешина
аз 290
навбатӣ