Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак гуфт:
— Чунин мебоист!
Пас, Хуршедшоҳ бо Фаррухрӯз ва он шоҳзодагон, бо он шаст марди айёрпешаву доя ҳамчунон баста рӯй ба сарои шоҳ ниҳоданд. Мардуми шаҳр он ғалабаву ошӯби айёрон ва шоҳзодагон диданд, ки ба сарои шоҳ меоянд, овоза дар шаҳр афтод. Сад ҳазор зану марду кӯдак дар дунболаи эшон афтоданд бо нишоту хуррамӣ ва нафрин бар доя мекарданд.
Чун айёрон ба бозор расиданд, ғалаба ва ошӯби ом фарован шуд. Самаки айёр бо худ гуфт: «Ин ҷодуро мебарам на подшоҳесту на паҳлавоне ва на зани шоҳ аст, ки ӯро пеши шоҳ бояд бурд. Ҳеҷ беҳтар аз он нест, ки ӯро бикушам, то дунё осуда гардад. Набояд, ки ба ҳилат бигурезад ва моро аз ӯ ранҷ расад». Ин бигуфт корд баркашид ва бар синаи доя зад, чунон ки сари корд аз паҳлуи доя берун рафт. Доя аз пой дарафтод, бемуроди худ ҷон бидод. Ҳанӯз ҷон дар тани вай буд, ки ҳар порае ба маҳаллате бурданд. Хабар ба шоҳ расид, ки Самак дояро бикушт. Шоҳ хуррам шуд ва гуфт:
— Аз дасти ин ҷоду бирастам.
Шоҳ бар тахт ва Меҳрони вазир бар дасти росту умарои давлат ҳозир, ҳар яке бар ҷои хеш, ки Шағол даромад ва дасти Хуршедшоҳ дар даст ва хизмат кард. Фарфур дар Хуршедшоҳ нигоҳ кард. Аз он фарри шоҳӣ дид, ки аз вай метофт ва Фаррухрӯз бо вай. Дар эшон нигоҳ кард. Аҷаб дошту гуфт: «Мо худ дида надоштому эшонро намедидем». Пас, он дигарон истода ва сар дар пеш af-канда. Шоҳ бифармуд, то ҳамаро бинишонданд. Дарҳол хон ниҳоданд, чунон ки расму қоидаи подшоҳон буд.
Он овоза ба даруни сарои шоҳ расид. Лоло Солеҳ биёмад пеши Маҳпарӣ ва гуфт:
— Эй малика, Хуршедшоҳро оварданд ва дояро куштанд.
Маҳпарӣ баромад аз ҷову гуфт:
— Чӣ гуна?
Лоло Солеҳ гуфт:
— Эй малика, Хуршедшоҳ кардааст ва зиндон вай шикаставу бандиён бурда.
Маҳпарӣ гуфт:
— Хуршедшоҳ чӣ гуна аз зиндон берун омад ва ин кор нигаҳ кард.
Ходим гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё