Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
ҳалок шаванд». Бонг бар лашкар заду гуфт, то сокин шаванд.
Пас, Самаки айёр дар он ғалабаву ошуб пеши тахти шоҳ омад, гиребони Меҳрони вазир бигрифт, гуфт:
— Эй ҳаромзодаи бадбахти бадфеъл, бигӯй, ки ин ҳама фитна ангехтан ва дар ранҷу фаровон кӯшидану мол фано кардан бад-он буд, ки ту духтар дар канори фарзанди хеш кунӣ? Нигаҳ дор, набояд, ки аз дасти ту ҳалвои эшон кунанду ту ба хӯрди фарзанд диҳӣ. Набояд, ки ҳалво турш шуда бошад! Пас, корд баркашид, то ба Меҳрони вазир занад. Паҳлавоне истода буд, номи ӯ Шерафкан, дасти Самак бигирифту нагузошт.
Меҳрони вазир дилтанг шуд: яке аз баҳри фарзанду яке он, ки дар хидмати шоҳ он беҳурматӣ ба вай омада буд. Аз он ҷойгоҳ рӯй ба сарой ниҳод ва бифармуд, то фарзандро баргирифтанду бар сарой бурданд ва бар қоидаву тартиб ӯро дафн карданд ва Меҳрон пас ба таъзият биншааст.
Пас аз майдон лашкар бозмегаштанд, ки Шағоли Пилзӯр аз пеши Хуршедшоҳ пеши тахти шоҳ Фарфур омад ва хидмат кард.
Гуфт:
— Духтарро бо Хуршедшоҳ ақд банд, ки ҳеҷ баҳона намонд.
Шоҳ гуфт:
— Эй Шағол, духтар бо Хуршедшоҳ ақд бандам, то муддати чиҳил рӯз.
Шағол гуфт:
— Эй шоҳ, бисёр аст. Шоҳ мегуфту Шағол мегуфт, то ба даҳ рӯз қарор афтод.
Ҳамагон рӯй ба сарой ниҳоданд ва духтари шоҳ аз пеш рафта буд, аммо дил раҳо карда буд, дилтангу ғамнок. Чун бишунид, ки то даҳ рӯзи дигар падар ӯро ба Хуршедшоҳ хоҳад дод, хуррам шуд. Пас ба қаср омад.
Ва Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва ҷавонмардону дигарон аз паи эшон рафтанд. Пас, шоҳзодагон гуфтанд: моро мебояд, ки ба мақоми хеш бозгардем. Пас, ҳар яке ба вилояти хеш бозгаштанд; ва дар он кор ҳафтае баромад.
Самаки айёр дар пеши Шағоли Пилзӯру Хуршедшоҳ
ва Фаррухрӯз нишаста буд, гуфт:
— Эй устод, маро андешае ҳаст ва аз макри Меҳрони
вазир эмин нестам аз он чӣ бо вай кардам. Набояд, ки он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё