Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
баромад, якеро дид ба каманд баставу ба зер мегузоранд.
Чун нек бингарид, духтари шоҳ буд ва корд бизаду каманд бибурид ва хурраму шод гашт. Ва ӯро бар нақм бурд ва бинҳод.
Ва Самак аз боло ба зер омад ва ҳеҷ ҷой нишони духтар надид. Девона гашт. Чун нигоҳ кард, каманд бурида буд.
Гуфт: «Лошак, чун танҳо ба корҳои чунин равам, чунин бошад». Гуфт: «Эй дареғо, намедонам, ки кадом паҳлавон ин муомилот бо ман кардааст». Бо худ гуфт: «Магар Шағол бурдааст?»
Ин бияндешиду шитобон мерафт, то ба сарои ҷавонмардон расид. Ошуфта гуфт:
— Эй паҳлавон, бо ман чунин кор мекунед? Вақти мазоҳ падидор буд? Ин соат на вақти мазоҳ буд, ки ту кардӣ, ки ман духтари шоҳ бадар овардаму аз бом фурӯ гузоштам ва ту бибурдӣ.
Шағол гуфт:
— Эй Самак, ту девона гаштаӣ ё туро худ ақл нест? Ман худ аз сарой бадар нарафтаам. Яздони додор, ки ман худ аз ин хабар надорам ва то ту берун шудӣ, ман бадар наёмадам.
Хуршедшоҳ бо дигарон гуфтанд:
— Эй Самак, Шағол берун наёмамад.
Самак чун донист, ки Шағол ин кор накардааст, девонавор аз сарой берун омад ва аз чапу рост медавид, то куҷо аз духтар нишоне ёбад.
Ҳақтаоло тақдир кард, ки чун Шабдиз духтари шоҳро бибурд, сарои вай дур буд, даҳони ӯ биёканд1 ва дасту пои вай фурӯбаст ва раҳо карду берун омад ва менигарид, то худ чӣ касе буд, ки духтар мебурд. Ӯро кор ҳаст ё на, ё магар духтар ба муроди худ баромад, то ба ҷонибе равад.
Аз ҳар ҷониб менигарид, ногоҳ Самак ба вай бозафтод, Шабдизро дид.
Гуфт:
— Эй ҳаромзода, туй, ки сайд аз пеши шерон мебарӣ, ту бо он хоҷаи қалтабон. Агар ман коре накунам бо шумо, ки сазои шумо бошад, пас, на Самакам!
Ин бигуфту ресмон дар гардани ӯ кард ва мекашид. Шабдиз мегуфт:
1 Окандан (огандан) — пур кардан, ин ҷо: маҳкам кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё