Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй озодмард, ин чӣ сухан аст, ки ту мегӯй? Духтари шоҳ чӣ бошад?
Самак гуфт:
— Эй ҳаромзода, чунин тавон гуфтан. Эй Шабдиз, ту маъзурӣ, ки маро намешиносӣ ва намедонӣ, ки кистам.
Маро Самаки айёр хонанд, ки файласуфони ҷаҳон ва ҳокимони замонро аз фунуни ман аҷаб ояд; ва онон ки ҷаҳонро ба ҳилат мусаххари худ кунанд, чун маро бубинанд, ҳилат аз ман омӯзанд. Ту пиндорӣ, ки бар ин сухан аз дасти ман бозраҳӣ? Он замон туро маълум гардад, ки дастбурди ман бибинӣ.
Шабдиз гуфт:
— Эй озодмард, агар ҳамаи чизҳо ҳамчунин маълум мекунӣ, аз он ман бидонистам, ки ҳеҷ намедонӣ. Ман аз куҷову духтари шоҳ аз куҷо? Пеш аз он, ки аз дасти ту биравад, ӯро талаб кун, ки агар ба ман машғул шавӣ, маҳрум бимонӣ аз духтар.
Самак гуфт:
— Оре, чунин шояд гуфтан. Ӯро ба сарои ҷавонмардон оварда боздошт.
Қазои худо, он шаб Шерафкан дар сарои Меҳрони вазир буд. Чун диданд, ки Шабдиз, дер меояд, Меҳрони вазир гуфт:
— Эй Шерафкан, бархезу дар он хона рав, ки Шабдиз нақм буридааст. Ба қиёс, ки ҳанӯз дар нақм бошад.
Бархез, то биравему бингарем, ки Шабдиз чӣ кардааст.
Гуфтааст, ки пеш аз ваъдаи айёрпешагон ӯро биёварам.
Шерафкан аз ҳавасе, ки дар димоғ гирифта буд, ки магар духтар дар канори худ хост гирифт, гуфт: «биё равем».
Меҳрони вазир бо Шерафкан аз сарой бадар омаданд то бад-он ҷо, ки Шабдиз нишон карда буд. Дар нақм шуданд, то бингаранд, ки Шабдиз чӣ мекунад. Ногоҳ якеро диданд баставу афканда. Аҷаб доштанд. Даст бар вай ниҳоданд, нарм буд, на тани мардон буд.
Ӯро бикушоданду гуфтанд:
— Ту кистӣ?
Гуфт:
— Манам духтари шоҳ Маҳпарӣ.
Меҳрони вазиру Шерафкан хуррам шуданд, ки беранҷе духтари шоҳ ба дасти эшон афтод.
Гуфт:
— Эй духтар, туро кӣ оварду чӣ гуна дар ин ҷойгоҳ афтодӣ ва туро аз баҳри чӣ бастаанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё