Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Духтар гуфт:
— Надонам.
Ӯро бардоштанд ва ба сарои вазир оварданд.
Меҳрони вазир гуфт:
— Эй духтар, аҳволи худ рост бигӯй, ки чун дар банд афтодӣ ва чӣ касе он муомалат бар ту кард?
Маҳпарӣ гуфт:
— Самаки айёр маро аз хона берун оварду ба роҳи бом маро аз каманд фурӯ гузошт, ки пеши Хуршедшоҳ барад. Чун ба замин омадам, яке маро бигирифту бар ин сӯрох бурду бар ин гуна барбаст ва беш аз ин хабар надорам.

Меҳрони вазир гуфт:
— Шабдизи ман буд. Надонам, ки аҳволи вай чӣ гуна аст. Набояд, ки дар банди Самак афтода бошаду гирифтор шуда.

Эшон ҳама шаб дар гуфтор, Меҳрони вазир бо Шерафкан тадбирҳо мекарданд ва чораҳо месохтанд, ки чӣ гуна мебояд кардан.

Аз он ҷониб дар сарои духтар то он кор афтода буд ва бандиён бурда буданд, ҳар шаб ду-се навбат Лоло Солеҳ ба болини ӯ шудиву ӯро бидидӣ. Дар он соат, ки Самаки айёр духтар бурд. Лоло Солеҳ ба ҷои духтар омад, ӯро талаб кард, набуд, ҳама ҷой ӯро талаб кард, нишоне аз духтар наёфт.

Дарҳол ба болини шоҳ Фағфур омад ва ӯро аз хоб бедор карду гуфт:
— Эй шоҳи бузургвор, духтари падидор нест.
Шоҳ гуфт:
— Магар ба коре ба ҳуҷраи дигар бошад.
Гуфт:
— Эй шоҳ, дар ҳама ҷой талаб кардам, наёфтам.
Шоҳ фурӯ монд, гуфт:
— Ба сарои ҷавонмардон рав ва Шағоли Пилзӯрро бихон, ки кор эшон кардаанд.

Лоло Солеҳ дарҳол ба сарои ҷавонмардон омад, ба наздики Шағол. Дар он соат буд, ки Шабдизро дасту пой баставу афканда, Шағол бо дигарон ҳар сухан мегуфтанд, ки Лоло Солеҳ даромаду салом гуфт. Эшон ҷавоб доданд.
Шағол гуфт:
— Эй лоло, дар ин вақт чӣ кор афтодааст? Агар чӣ ба ҳар кор равӣ номи ту ба салоҳ бошад.
Ходим гуфт:

пешина
аз 290
навбатӣ