Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак гуфт:
— Эй бародар, маро кабӯтарча мебояд, ки дар об биҷӯшонӣ ва онро кӯфта куниву оби он кӯфта дар миёни об ниҳӣ, то бипазад ва дар гулӯи ман резӣ, то қуввате дар тани ман падидор ояд.
Маҳрӯя гуфт:
— Фармонбардорам, чунин кунам, ки туро бояд.
ПАС, чун олам равшанӣ гирифт, Маҳрӯя аз хона берун омад ва чанд кабӯтарча ба даст овард ва бихариду ба сарой бурд ва Сомона биҷӯшонид ва ба хӯрди Самак дод. Самак порае қувват ёфт, гуфт:
— Эй бародар, ҷарроҳе ба амонат пеши ман битавонӣ овардан, ки маро муолиҷат кунад?
Маҳрӯя гуфт:
— Битавонам овардан.
Ин бигуфту аз хона берун омад.
Марде буд ҷарроҳ, номи вай Заранд буд ва устоде некӯву ҷалд буд. Ва ӯро талаб карду пеши Самак овард.
Заранд чун нигоҳ кард, Самакро дид, бишинохт, ки ӯро бисёр дида буд. Дарҳол Самак бидонист, ки Заранд ӯро мешиносад, замон баркушод ва гуфт:
— Эй Заранд, ҷавонмардӣ кун ва сирри ман нигоҳ дор, ки сирдорӣ ва амонатдорӣ ҷарроҳонро мусаллам аст; инро на дар рӯи ту мегӯям, аз баҳри он ки хосу ом яксон мудовот кунанду шафқат намоянд ва аз ҳар гуна некӯ бад бубинанд ва ҳаргиз пеши кас нагӯянд ва ин ҳама аз ҷавонмардиҳо беҳтар аст. Ин моя бад-он гуфтам, ки назди ҳама ҷавонмардист, аз баҳри он, ки шумо мардум бошед. Акнун ба зинҷори ту омадам, бар ман шафқат намову ғамхорагӣ кун. Заранди ҷарроҳ савганд хӯрд ба яздони додори кирдигор, ки сирри ту нигоҳ дорам ва дарнасипорам ва наёзораму шафқат бознагирам ва он чӣ тавонаму донам, аз ғояти кор фурӯ нагзорам.
Чун Заранд савганд хӯрд, Самак даст дар бозу кард ва даҳ дона гавҳар берун овард, ки ҳазор динор қимат буд, ба дасти Заранди ҷарроҳ дод ва гуфт:
— Ин аз ман амонат дор, ки ин на аз они ман аст, аз они Шағоли Пилзӯр аст.
Заранди ҷарроҳ гуфт:
— Эй Самак, бар ин ҳоҷат нест, ту дар бозу бигзор, то ман муолиҷат кунам, чун ту беҳтар гардӣ, бидеҳ ва агар на, раво набошад.
Самак гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё