Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
— Эй Заранд, нигоҳ дор.
Заранд бистад ва муолиҷат кард, то бар он кор як моҳ баромад.
Самакро ҷароҳат беҳтар гашт. Самак дар худ нигоҳ кард, хуррам шуд, аз нишот бар худ ҳаракат кард. Ҷароҳатҳо ҳанӯз сахт нагашта буд ва се ҷойгоҳ бозшикасту хун равона шуд. Чун ҷарроҳ биёмад ва аҳвол пурсид...
Самак гуфт:
— Фармонбардорам.
Пас даҳ рӯзи дигар сабр кард, ӯро муолиҷат кард. Самак бағоят беҳтар гардид, ниҳонӣ ба гармоба рафт, сару тан бишуст ва ба сарои Маҳрӯя омад ва биншаст ва гуфт:
Эй озодмард, кордеву каманде биёвар ва судра ва пойтобаву он чӣ ба кор бояд. Маҳрӯя он чӣ ба кор боист, ҳама дошт. Самак ҳама тартиб кард ва мебуд, то шаб тира ниҳод дар олам, рӯзи равшан тохтан оварду рӯзи нуронӣ аз пеши шаби зулмонӣ ба ҳазимат шуд. Самак бархост, ки вақти мардон буд ва созҳо бар худ рост карду аз сарои Маҳрӯя берун омад; танҳо рӯй бадар ниҳод, то куҷо рӯй ба мақсуд ниҳад. Бо худ гуфт: «Маро ҷойгоҳе бояд, ки моли фаровон бошад». Аз қазо гузари вай бар дари дуккони Саиди Ҷавҳарӣ буд, ки шарики Меҳрони вазир буд. Бо худ гуфт: «Ҷойгоҳ ёфтам, он ҷо моли фаровон ба даст ояд ва ҳама азони душман аст. Меҳрони вазири ҳаромзодаи саг».
Самак перомуни дуккон баромад, ҷойгоҳе ба даст овард ва нақб дар дуккон буриду даррафт ва даҳ бадра зар баргирифт ва ба сарои Маҳрӯяи наббош омад бе ранҷ. Маҳрӯя он ҳол бидид, гуфт:
Ин зар аз куҷо овардӣ?
Самаки айёр гуфт:
— Бар ту пурсидан нест, ки ҷавонмардон аз аҳволи кас напурсанд, магар худ бигӯянд; ва аз баҳри он мегӯям, ки мапурс, ки туро дил дар коре дорад. Ту хурмо мехӯру хуррамӣ рон. Ин ҳама турост. Туро зар мебояд ё ҷойгоҳи зар мехоҳӣ? Ҳар ҷо, ки мехоҳӣ, пинҳон кун ва агар худованди зар мехоҳӣ, ту донӣ.
Маҳрӯя офарин кард ва мебуданд, то олами зулмонӣ нуронӣ гашт, Заранди ҷарроҳ даромад ва салом гуфт. Са-,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё