Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
мак бархост ва ӯро бипурсид. Дарҳол ду бадраи зар дар пеши вай ниҳод ва узрҳо хост.
Гуфт:
— Ҳазор динордоруҳо ва ҳазор ранҷи қадами ту аст.
Заранд хизмат карду он бозубанд берун овард ва бӯса доду пеши Самак ниҳод ва он зар баргирифт ва бирафт.
Ҳақтаоло тақдир кард, ки гузаргоҳи Заранд бар дари дуккони Саиди Ҷавҳарӣ буд. Чун рӯз равшан гашт, нақб диданд дар дуккони Саид бурида. Фарёд бароварданд, Саидро хабар карданд. Саид дар дуккон рафт ва қумошот ҷумла бингарид ва гуфт: «Даҳ бадраи зар ба кор мебояд». Фарёд баровард ва ҳар касе сухане мегуфтанд.
Яке мегуфт:
— Ин кор кӣ кардааст? Магар айёрон кардаанд?
Дигарӣ мегуфт:
— Айёрон намондаанд ва агар монда будандӣ, эшон дуздӣ накардандӣ ва ин дузде азим будаасту роҳдон аст, ки куҷо будааст.
Яке гуфт:
— Некӯ кардааст, охир зари касе бурдааст, ки бисёрӣ дигар дорад ва дуздӣ аз ҷойгоҳе чунин бояд кард.
Ҳар яке сухане мегуфтанд.
Чун Заранди ҷарроҳро гузар бар он мақом афтод, дар миёни ғалабаву ошӯби мардум мегузашт, ки халқ гирду пеш афтода буданд. Заранд бияфтоду киса аз остини вай берун афтод, киса бидарид ва зар бирехт. Мардум дар вай овехтанду ӯро бигирифтанд ва зар мечиданд. Ва Саиди Ҷавҳарӣ фарёд мекард, ки он зар ба ман намоед. Зар ба вай намуданд.
Саид гуфт:
— Ин зар азони ман аст. Ӯро бигиред.
Заранди ҷарроҳро бигирифтанд ва дарбастанд. Халқи бисёр дар дунболаи вай афтоданд. Зарандро ба сарои шоҳ бурданд.
Ҳар касе мегуфтанд:
— Ин зар некӯ падидор омад.
Дигаре мегуфт:
— Агар ин зар азони дигаре будӣ, падидор наёмайд. Некӯ бурд ва зебо падидор омад.
Яке мегуфт:
1 Қумошот — матоъҳо, ин ҷо: молҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё