Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Соқут рӯй ба роҳ ниҳод, то пеши Қатрон омад ва хизмат кард. Қатрон чун ӯро бидид, гуфт:
— Чун омадӣ?
Соқут гуфт:
— Эй паҳлавон, бандаам то зиндаам. Сари ман он ҷо бошад, ки суми аспи ту. Чун ту ба саодат омақӣ, ман он ҷойгоҳ чӣ кунам?
Қатрон бар ӯ дуо кард. Сурхи Қофар ишонро ба боргоҳ овард, пеши Хуршедшоҳ хизмат карданд, Хуршедшоҳ ишонро бинавохт ва гиромӣ кард. Қатрони паҳлавонро бо Сурхи Қофар хилъати зебо фармуд ва бифармуд, то шаст ҳазор динор аз хазона нақд ба вай доданд ва маншури сад ҳазор динораш бинавиштанд. Қатрон хизмат кард. Дар боргоҳ ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
Пас чун шаби зулмонӣ даррасид ва сипоҳи Рум аз пеши сипоҳи Занг мунҳазим шуд, Хуршедшоҳ гуфт:
— Имшаб талояи бисёр бояд, ки ба кинан Қатрон шабехун оранд.
Сурхи Қофар хизмат кард ва гуфт:
— Агарчӣ банда имрӯз майдондорӣ кардааст, ба ғалоя берун равам.
Қатрон гуфт:
— Эй шоҳ, банда низ биравад.
Хурмузи Кел ва Хурдасби Шайду хизмат карданд, гуфтанд:
— Эй шоҳ, мо низ дар хизмати ишон бошем.
Шоҳ бар ҳамгинон офарин кард.
Пас ҳар чаҳор бо бист ҳазор савор рӯй ба талоя ниҳоданд. Пас аз ҳар ду ҷониб талоягон берун омаданд — аз ин ҷониб Қатрон, аз он ҷониб Қубоду Даванд. Соқут фурсати вақт нигоҳ дошт. Мегуфт: «Кори ман рост баромад».
Чун ду донг аз шаб даргузашт, Қатрон гуфт:
— Эй паҳлавонон, — маро хоб меояд. Биёед як лаҳза осоиш ёбем. Вақти шабехун гузашт. Лашкар талоя нигоҳ медоранд.
Ин бигуфтанд ва ҳар чаҳор бо Соқут рӯй бар он марғзор ниҳоданд ва фуруд омаданд ва аспон ба хам бозбастанд. Соқутро гуфтанд:
— Соате моро посбон кун, то мо як замон осоиш кунем.
Соқут гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё