Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зер наёмадам? Маро бо лолову Дурдона чӣ кор? Агар ночор буд, аз ин боздонистаме, ки куҷост. Ин чӣ буд, ки ман кардам? Донистам, ки Моҳона аз Дурдона искӯтар аст. Тарсам, ки Ёрух ӯро бибурдааст ва бо ӯ рост шуда. Набояд ки аз дасти ӯ хатое афтад ва номи неки ман барбод ояд ва оламиён маро никӯиш кунанд».— Пас рӯй ба сарой ниҳол. Чун порае роҳ биёмад, якеро дил афканда. Чун некӯ бинигарид, Ёрух буд. Ӯро баркушод. Гуфт:
— Ин чӣ ҳол аст? Зану духтари шоҳ куҷо бурди?
Ёрух гуфт:
— Эй Самак, танз мекунӣ? Зану духтари шоҳ чӣ бошад? Чун ту ба саройи шоҳ рафтӣ, ман бар дари сарой истода будам, ки ногоҳ шахсе даромад ва бонг бар ман зад чунон ки битарсидам ва муште бар ман зад.
Маро бияфканд ва бар ин гуна бибасту бияндохт. Беш аз ин хабар надорам, то акнун ки ту омадӣ.
Самак гуфт:
— Эй Ёрух, зану духтари шоҳ ба сабаби ту нопайдо шуданд ва худ Дурдонаи ту дар саройи шоҳ нест.
[Чун ба саройи бозомаданд, Самак дар андеша мебуд ва ҳама шаб бо худ мегуфт: «Кӣ бошад], ки ин кор бикунад? Ва агар аз мардуми шаҳр аст, бо ман дӯстӣ дорад ва агар на, маро қаҳр тавонисти кардан», то рӯз равшан шуд.
Чунин нақл мекунад муаллифи ахбор, ки ҳеҷ овоза аз шаҳр берун наёмамад, аз баҳри он ки лоло Райҳон берун наёмади ва аз канизакон касе пеши пай нашуди, ки лолоро баста дидандӣ ва он овоза баромади ва аз ин ҷиҳат он овоза пинҳон бимонд. Пас чун умри рӯзи рӯшан ба охир расид, шаб шиккан сиёҳ дар сари афоқ кашид, гардуни гардон никоб барандохт, ҳаво бар мисоли пушти паланг шуд, сагони олам ором гирифтанд ва замину ҳаво яксон шуд. Пас Самак бархост ва гуфт:
— Эй Ёрух, имрӯз бар ман мисоли як сол гузашт. Акнун берун хоҳам шудан ба талаби Дурдонаи ту ва он кас, ки ин кор кард. Зинҳор ки ту аз дунболаи ман берун маой, то маро ғами ту набошад, ки сабаби ранҷи ман ту будӣ, то ин роз ошкоро шуд ва сайд аз доми ман берун шуд.
Ин бигуфт ва бирафт.

1 Танз - ба маънии киноя, пичинг
2 Шикка - матоъ, парда

пешина
аз 283
навбатӣ