Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Аз он ҷониб тақдири яздон чунон буд, ки Рӯзафзун дар сарои худ бо худ андеша мекард, ки: «Шак нест, ки нишаб Самак берун ояд ба талаби ин кори ман ё он ки ин кор кардааст. Ман низ берун шавам».
Чун шаб даромад, Рӯзафзун Самакро бишинохт.
Пинҳон шуд, то Самак баргузашт. Паи ӯ гирифт. Гуфт.
«Биннигарам, ки то чӣ хоҳад кард». Ҳамчунин то бар дари сарои Лурдона омад. Самак биистод. Рӯзафзун пинҳон шуд, то Самак аз ӯ даргузашт ва гирди сарой бармегашт, Гӯшае ба даст овард ва каманд барандохт, дар гӯшаи бом мӯҳкам шуд. Даст дар каманд зад ва ба боло баршуд. Нигоҳ кард, Дурдонаро дид бо канизаке нишаста ва ҳар сухане мегуфтанд ва ду сандуқ пеши ишон ниҳода Дари бом бикушод ва густоҳ ба зер шуд ва бонг ба ишон зад ва гуфт:
— Манам Самаки айёр!
Ишон чун номи Самак шуниданд, дармонданд. Самак назди ишон шуд. Самак аз баҳри сағи он канизакро бикушт ва Дурдонаро дарбаст ва гуфт.
— Ин сандуқ чист?
Гуфт.
— Ин яке ҷавҳар аст ва ин яке пероя ва калиди хазонаи духтари шоҳ.
Самак гуфт: «Маро ба кор ояд».— Даҳони Дурдона дарбаст. Ба боло омад ва сандуқ низ баровард ва Дурдонаро дар каманд басту фурӯ гузошт, то худ ба зер ояд ва ӯро бикушояд, он гоҳ биравад ва сандуқҳоро фурӯ гузорад.
Рӯзафзун кавъи кори ишон мегирифт. Ҳанӯз Дурдона ба зер наёмада буд, ки Рӯзафзун каманди ӯро бибурид ва Дурдонаро бибурд ва дар он кӯчаи баробар пинҳон шуд.
Самак дар каманд фурӯ гузоштан, бар дасти вай чабук омад ва баркашид, каманд бурида дид. Фарёд аз ниҳоди вай баромад гуфт. «Магар Ёрух кардааст?
Дастбозӣ бо ман ҳаменамояд». Пас дар ду сандуқ дар каманд баст ва бар асари он ба зер омад ва каманд баргирифту сандуқ баргирифт ва рӯй ба роҳ ниҳод, то ба сари он кӯча расид, ки Рӯзафзун буд.
Нигоҳ кард Самакро дид, ки сандуқҳо бар гардан
ниҳода буд. Гуфт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё