Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
хона бармеомад, то ҷое бинишаст ва девор бибурид ва сӯрох дар сарой кард, чунон ки осон тавонистӣ рафтан.
Рӯзафзун офарин мекард, ки азим зуд бибурид. Самак дар хона шуд. Хонае дид кӯчак, муттасил.1 Девори хонаи дигар бибурид. Бандиён дид, баста ва афканда, хуррам шуд.
Самак биёмад ва даст бар Қатрон ниҳод. Қатрон гуфт:
— Ту кистӣ?
Гуфт:
— Манам Самаки айёр, ту кистӣ?
Гуфт:
— Манам Қатрон. — Гуфт: — Эй Самак, яздон ёрӣ ту бод, чунон ки ба фарёди мо расидӣ, ки беш аз ин тоқати банду зиндон надорем.
Самак ба чора банд аз пои вай бибурид. Гуфт:
— Берун рав, ки роҳ ба сарой ду бародарони қассоб медонӣ, то ман аз они дигарон баргирам ва биёяму банд аз дасти шумо бардорам. Дар роҳ бедору хушёр бош.
Қатрон берун омад, то биравад. Рӯзафзун пеши вай бозомад ва бозуи вай бигирифт. Қатрон гумон бурд, ки Самак аст, бо ӯ ҳамроҳ буд. Ӯро ба саройи хеш пеши доя овард. Гуфт:
— Бинишин, то ман дигаронро биёварам.
Бинишаст. Рӯзафзун бозгашт, пеши сӯрох омад.
Сурхи Кофар берун омад. Рӯзафзун дасти вай бигирифт, пеши Қатрон овард ва бинишонд ва бозгашту пеши сӯрох омад. Хурдасби Шайду берун омада буд, ки биравад. Роҳ надонист. Дасти вай бигирифт, пеши ишон овард. Рӯзафзун бозгашт ва нигоҳдорӣ мекард, ки Самак меояд ё не. Хурмуз берун омад. Гуфт:
— Эй паҳлавон, биё то пеши дигарон равем.
Ӯ низ бирафт. Бозгашт, то бинигарад, ки Самак чӣ хоҳад кард. Нигоҳ медошт, то Самак берун ояд.
Тақдири ҳақ чунон буд, ки Беҳзод дар боғ бо худ
гуфт, ки: «Сарой раҳо кардаем», — бархост ва берун
омад, ки перомуни сарой баргардам. Чун наздики сӯрох
расид, Самак пайдо хост шуд. Рӯзафзун дар ҳар ду
бозмонд. Гуфт: «Эй дареғо, чун Самак марде дар чунин
ҷой ҳалок шавад бо чунин корҳо, ки кардааст ва баро-
1 Муттасил — дарунбадарун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё