Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз барои шоҳ Фаффур зинҳо буданд аз атласи сурх ва сутунҳои симин барпой карда ва тахте аз оҷу обнусу сандал дар ҳам мувассал карда ва баландкушои зар ниҳода ба ҷавоҳир мурассаъ карда, дар боргоҳ фиканда ва ба фаршҳои зарбафт ороста ва чаҳорболиши 1 шоҳона ниҳода.

Чун наздики боргоҳ расиданд, Ҳомоии вазир пиёда гашт ва уҳдаи аспи шоҳ Фаффур бигирифт ва ҷумлаи амирону паҳлавонон ва хосоку авом пиёда гаштанд ва дар рикоби шоҳ Фаффур буданд ва ӯро ба боргоҳ оварданд ва пеши тахт бинистонд, то Хуршедшоҳ бозуи Фаффур бигирифт ва ӯро аз пушти асп бар сари тахт фуруд овард.

Шоҳ нисор кард ва ҷумлаи паҳлавонон ба хизмат
истода, ки марде даромад ва гуфт:
— Гарде бисёр бархостааст. Магар лашкари Чин
расидааст.
Хизматгорони Фаффур гуфтанд:
— Ҷавонону айёрон ва шолиҳӯрдагони Сачаканд,
аз Чин ба хизмат меоянд.

Самак дар пеши тахт ба хизмати шоҳ истода, бо
Шағли Пилур гуфт:
— Эй устод, моро истиқбол бояд кардан. Маро
лилҳатҳо бояд аз баҳри айрон.
Ҳомоии вазир гуфт:
— Тадбир созам.

Самак бо Шағолу ҷумлаи айёрон, ки буданд, рӯй ба роҳ ниҳоданд ва ба истиқбол берун шуданд.
Чун айёрон Самаку Шағолро бидиданд, эшонро хизмат карданду Самакро дуо гуфтанд. Ҷумла ба лашкаргоҳ омаданд.

Мо омадем ба лафзи Ризафзун. Муаллифи қисса гӯяд, ки чун Ризафзун таъзияти бародар бидошт, бо доч пеши он ҷавонмардон омад ва гуфт:
— Эй паҳлавонон, шуморо дар сандӯқҳо мебояд нишастан, то ба лашкаргоҳ фиристам, ки ошкоро наметавонам фиристодан. Ва дигар, Самаки айёр духтару зани шоҳ ва амонате дигар ба ман додааст, он низ бо шумо бифиристам, ки ӯ ба коре машғул аст.

1 Чаҳорболиши — тахт, маснад

пешина
аз 283
навбатӣ