Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Ишон фарёд бароварданд, аз баҳри он ки дастҳои ишон баста буд. Гуфтанд:
— Моро ба лашкаргоҳи Арманшоҳ мефиристӣ? Ҳамин ҷойгаҳ моро гардан бизан.
Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавонон, зинҳор, то ин андеша дар замири дил нагардонед. Шуморо ба амонат ба ман додааст ва дар амонат хиёнат кардан кори нокасон аст. Шуморо ба хизмати Хуршедшоҳ мефиристам.
ПАС ишонро ҳамчунон даст баста бар сандуқҳо нишонданд ва занонро беҳуш карданд, то сухан нагӯянд. Пас дояро бифиристод, то чаҳор астар биёвард ва ҳар паҳлавонро дар сандуке ниҳоданд ва зару ҷавоҳир дар миёни сандуқҳо ниҳоданд. Пас Рӯзафзунро ғуломе буд номи ӯ Қимоз. Ӯро пеши худ хонд ва нома навишту ба дасти вай дод ва гуфт:
— Ин ҳар чаҳор дар пеш кун бо астарон, ки аз шаҳр берун мераванд ва ҳавеҷ мебаранд ба лашкаргоҳ, бо ишон бибар. Чун андаке аз шаҳр берун рафтӣ, роҳ бигардон то ба талояи Хуршедшоҳ рав. Ҳар кӣ амири талоя бошад, астарон ба вай бисупор ва нома ба вай деҳу бозгард. Агар гӯяд «ин чисту аз куҷост?» бигӯ «ҳар чӣ ҳаст, дар нома навишта аст».
Қимоз гуфт:
— Фармонбардорам.
Астаронро пеш гирифт ва аз шаҳр берун омад бо астарон, ки ба лашкаргоҳ мерафтанд. Вақти он ки офтоб фурӯ шавад, ба лашкаргоҳ расида буд. Фаррухрӯз амири талоя буд. Пеши ишон бозомад, гуфт:
— Кӣстӣ?
Қимоз хизмат кард, гуфт:
— Ин нома бо ин астарон амонат аст, бояд ки ба Хуршедшоҳ расонӣ.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй озодмард, чист ва ин нома кӣ фиристодааст?
Қимоз гуфт:
— Ҳар чӣ ҳаст, дар нома ёд карда аст. — Ин бигуфт ва бозгардид.
Фаррухрӯз ҳар чаҳор астар пеш кард, то ба боргоҳ расид. Пеши Хуршедшоҳ хизмат кард, гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, марде омад ва ин чаҳор астару ин нома ва ҳашт сандуқ овард. Пурсидам, кӣ: «Аз куҷо овардӣ ва кӣ фиристод?», гуфт: «... Ҳар чӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё